[1] Суруди сууди Сулаймон. Агар Худованд хонаро бино накунад, бинокорони он бар абас меҳнат мекунанд; агар Худованд шаҳрро нигаҳбонӣ накунад, посбони он бар абас ҷадал менамояд.
[2] Бар абас шумо бармаҳал мехезед, то бевақтӣ менишинед, нони ранҷро мехӯред, дар сурате ки Ӯ ба маҳбуби Худ хоб мебахшад.
[3] Инак, фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд; самари батн муздест аз ҷониби Ӯ.
[4] Чӣ гунае ки тирҳо дар дасти зӯровар аст, он гунаанд фарзандони айёми ҷавонӣ.
[5] Хушо марде ки тирдонашро аз онҳо пур карда бошад! Хиҷил нахоҳанд шуд, вақте ки бо душманон назди дарвоза сухан ронанд.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150