Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди ҷонсӯзе ки Довуд ба Худованд оид ба суханони Куши Биньёминӣ хондааст.

[2] Худовандо, Худои ман! Ба Ту паноҳ мебарам; маро аз ҳамаи таъқибкунандагонам наҷот деҳ ва халос кун.

[3] Мабодо вай, монанди шер, ҷонамро бидаронад, дар сурате ки халоскунандае набошад.

[4] Худовандо, Худои ман! Агар ин корро кардаам, агар аз дастам ноинсофие ба амал омадааст,

[5] Агар ба дӯстам бадӣ кардаам ва хасмамро тиҳидаст рондаам, —

[6] Бигзор душман ҷонамро таъқиб намояд, ва маро дастгир кунад, ва ҳаётамро ба замин яксон кунад, ва ҷалоламро ба хок занад. Село.

[7] Эй Худованд, дар ғазаби Худ бархез: бар зидди бадхашмии хасмҳоям қиём кун, барои ман ба доварие ки амр фармудаӣ, бедор шав.

[8] Анбӯҳи қабилаҳо дар гирди Ту ҷамъ хоҳанд омад; бар онҳо ба афроз баргард.

[9] Худованд қавмҳоро доварӣ хоҳад кард. Маро, эй Худованд, аз рӯи адолатам ва аз рӯи беайбиам доварӣ намо.

[10] Бигзор бадии шарирон хотима ёбад, ва одилро тақвият намо; зеро ки Ту, эй Худои одил, имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастӣ.

[11] Сипари ман дар Худост, ки Ӯ наҷотдиҳандаи ростдилон аст.

[12] Худо Довари одил аст, ва Худо ҳар рӯз ғазабнок аст.

[13] Кас агар руҷӯъ накунад, Ӯ шамшери Худро тез мекунад, камони Худро кашида, ба нишон мегирад;

[14] Барои вай олоти мамотро тайёр мекунад, тирҳои Худро сӯзон мегардонад.

[15] Инак вай тухми бадиро кошт, ба хабосат ҳомила шуд, ва кизбро зоид.

[16] Чуқурие канд, ва онро чуқур кард, ва ба чоҳе ки канд, худаш фурӯ ғалтид.

[17] Хабосати вай бар сараш хоҳад баргашт, ва зулми вай бар фарқаш хоҳад афтод.

[18] Худовандро аз рӯи адолати Ӯ ҳамд мегӯям, ва исми Худованди Таолоро месароям.

Забур — Chapters