Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Худовандо! Дуои маро бишнав, ба зориҳоям гӯш андоз; дар садоқати Худ маро аз рӯи адолати Худ иҷобат намо.

[2] Ва бо бандаи Худ ба мурофиа набиё, зеро ҳеҷ як зиндае нест, ки пеши Ту сафед шуда тавонад.

[3] Зеро ки душман ҷонамро таъқиб менамояд, ҳаётамро ба замин яксон кардааст, маро дар зулмот сокин гардондааст, мисли онҳое ки аз қадим мурдаанд.

[4] Ва рӯҳам дар ман беҳол шудааст; дилам андаруни ман дар ҳайрат афтодааст.

[5] Айёми қадимро ба ёд меоварам; ҳамаи корномаҳои Туро аз хаёл мегузаронам; дар бораи амали дастҳои Ту фикру хаёл мекунам.

[6] Дастҳоямро сӯи Ту дароз мекунам; ҷонам мисли замини беоб ташнаи Туст. Село.

[7] Ба зудӣ маро иҷобат намо, эй Худованд! Рӯҳам хаста шудааст; рӯи Худро аз ман пинҳон надор, ки мабодо мисли фурӯравандагони гӯр гардам.

[8] Саҳаргоҳон эҳсони Худро ба ман бишнавон, зеро ки ба Ту таваккал кардаам; тариқеро, ки бо он биравам, ба ман маълум намо, зеро ки ҷонамро сӯи Ту нигаронидаам.

[9] Маро аз душманонам халосӣ деҳ, эй Худованд! Ба Ту паноҳ мебарам.

[10] Маро таълим деҳ, то ки иродаи Туро ба ҷо оварам, зеро ки Худои ман Ту ҳастӣ; бигзор рӯҳи неки Ту маро ба замини ҳамвор ҳидоят намояд.

[11] Ба хотири исми Худ, эй Худованд, маро зинда гардон; аз рӯи адолати Худ ҷонамро аз тангӣ берун ор.

[12] Ва аз рӯи эҳсони Худ душманонамро нест кун, ва ҳамаи хасмҳои ҷонамро нобуд кун, зеро ки ман бандаи Ту ҳастам.

Забур — Chapters