Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууд. Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд, — бигӯяд Исроил, —

[2] Басо маро аз ҷавониам ба танг оварданд; бо вуҷуди ин бар ман ғолиб наомаданд.

[3] Бар тахтапуштам шудгоркунандагон шудгор карданд; ҷӯякҳои худро дароз карданд.

[4] Лекин Худованд одил аст: бандҳои шариронро пора‐пора кард.

[5] Бигзор ҳамаи бадхоҳони Сион хиҷил шаванд ва қафо гарданд;

[6] Мисли сабзаи болои бомҳо бошанд, ки пеш аз гул карданаш хушк мешавад,

[7] Ки даравгар кафи худро аз он пур намекунад, ва дарзабанд қучоқи худро,

[8] Ва роҳгузарон намегӯянд: «Баракати Худованд бар шумо бод; шуморо ба исми Худованд баракат мехоҳем».

Забур — Chapters