[1] Он ки дар паноҳгоҳи Хаққи Таоло нишастааст, дар сояи Қодири Бечун хоҳад буд.
[2] Дар ҳаққи Худованд мегӯям: «Ӯ паноҳгоҳи ман аст ва қалъаи ман; Худои ман аст, ки ба Ӯ таваккал мекунам».
[3] Ба яқин Ӯ туро аз доми сайёд, аз вабои ҳалокатовар халос хоҳад кард.
[4] Бо парҳои Худ туро хоҳад пӯшонид, ва зери болҳои Ӯ паноҳ хоҳӣ ёфт; ростии Ӯ зиреҳ ва ҷавшан аст.
[5] Аз воҳимаи шабона нахоҳӣ тарсид, ва аз тире ки рӯзона мепарад;
[6] Ва аз вабое ки дар торикӣ қадамгузор аст, ва аз тоуне ки дар нимирӯзӣ талаф мекунад.
[7] Ҳазорҳо ба гирду пешат хоҳанд афтод, ва беварҳо ба яминат, аммо ба ту наздик нахоҳад шуд;
[8] Фақат бо чашмонат нигоҳ хоҳӣ кард, ва подоши шариронро хоҳӣ дид.
[9] Зеро ки ту гуфтаӣ: «Худованд паноҳгоҳи ман аст»; Ҳаққи Таолоро ту паноҳандаи худ ихтиёр кардаӣ.
[10] Бадие ба ту рӯй нахоҳад дод, ва офате ба хаймаи ту наздик нахоҳад шуд.
[11] Зеро ки ба фариштагони Худ дар бораи ту амр хоҳад дод, ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигоҳдорӣ кунанд.
[12] Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои худро ба санге бизанӣ.
[13] Бар шер ва мори айнакдор пой хоҳӣ монд; шери ҷавон ва тимсоҳро поймол хоҳӣ кард.
[14] «Азбаски ба ман ихлос бастааст, ӯро раҳоӣ хоҳам дод; ӯро тақвият хоҳам кард, чунки исми Маро шинохтааст.
[15] Маро хоҳад хонд, ва ӯро иҷобат хоҳам намуд; дар тангӣ Ман бо ӯ ҳастам; ӯро халосӣ хоҳам дод, ва ӯро ҷалол хоҳам дод.
[16] Аз умри дароз ӯро сер хоҳам кард, ва наҷоти Худро ба ӯ нишон хоҳам дод».