[1] Хушо касони ростроҳ, ки мувофиқи шариати Худованд рафтор мекунанд.
[2] Хушо онҳое ки шаҳодоти Ӯро риоя мекунанд, бо тамоми дил толиби Ӯ мебошанд.
[3] Ноинсофӣ низ намекунанд, бо роҳҳои Ӯ мераванд.
[4] Ту фармудҳои Худро амр кардӣ, то ки онҳоро пурра ба ҷо оварем.
[5] Кошки роҳҳои ман дуруст мебуд, то ки фароизи Туро нигоҳ дорам!
[6] Он гоҳ хиҷил нахоҳам шуд, вақте ки ба тамоми аҳкоми Ту назар андозам.
[7] Туро бо ростии дил ҳамд хоҳам гуфт, вақте ки довариҳои одилонаи Туро таълим гирам.
[8] Фароизи Туро нигоҳ хоҳам дошт; маро тамоман тарк накун.
[9] Ба чӣ васила ҷавон роҳи худро покиза медорад? Бо нигоҳ доштани худ мувофиқи каломи Ту.
[10] Бо тамоми дили худ толиби Ту шудаам; маро нагузор, ки саҳв карда, аз аҳкоми Ту сар тобам.
[11] Сухани Туро дар дили худ ниҳон доштаам, то ки пеши Ту хато накунам.
[12] Эй Худованд, Ту муборак ҳастӣ! Фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
[13] Ҳамаи довариҳои даҳони Туро бо лабҳои худ баён кардаам.
[14] Дар роҳи шаҳодоти Ту хурсандам, чунон ки дар сарвати беҳтарин.
[15] Дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам, ва ба роҳҳои Ту назар меандозам.
[16] Аз фароизи Ту ҳаловат мебарам; каломи Туро фаромӯш нахоҳам кард.
[17] Ба бандаи Худ таваҷҷӯҳ намо, то ки зинда монам ва каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
[18] Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам.
[19] Ман дар замин ғариб ҳастам; аҳкоми Худро аз ман пинҳон надор.
[20] Ҷонам ба лаб омадааст аз орзуи он ки довариҳои Туро дар ҳар вақт бидонад.
[21] Бадқасдони малъунро, ки аз аҳкоми Ту сар метобанд, итоб намудаӣ.
[22] Маломат ва тамасхурро аз ман дафъ кун, зеро ки шаҳодоти Туро риоя намудаам.
[23] Мирон низ нишаста, ба муқобили ман сухан меронанд; аммо бандаи Ту дар бораи фароизи Ту фикру хаёл мекунад.
[24] Шаҳодоти Ту низ ҳаловати ман аст, машваратчиёни ман аст.
[25] Ҷонам ба хок яксон шудааст; аз рӯи каломи Худ маро зинда гардон.
[26] Роҳҳои худро баён кардаам, ва маро иҷобат намудаӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
[27] Тариқи фармудҳои Худро ба ман бифаҳмон, то ки дар бораи корҳои аҷоиби Ту фикру хаёл кунам.
[28] Ҷонам аз андӯҳ об шудааст; аз рӯи каломи Худ маро қоим гардон.
[29] Роҳи кизбро аз ман дур кун, ва шариати Худро ба ман ато фармо.
[30] Тариқи ростиро баргузидаам; довариҳои Туро пеши назари худ мебинам.
[31] Ба шаҳодоти Ту часпидаам; Худовандо, маро хиҷил накун.
[32] Бо роҳи аҳкоми Ту хоҳам давид, зеро ки диламро фараҳ хоҳӣ бахшид.
[33] Тариқи фароизи Худро, эй Худованд, ба ман нишон деҳ, то ки онро то ба охир пайравӣ намоям.
[34] Маро фаҳм бибахш, то ки шариати Туро пайравӣ намоям, ва онро бо тамоми дил нигоҳдорӣ кунам.
[35] Маро ба роҳи аҳкоми Худ ҳидоят намо, зеро ки онро хостаам.
[36] Диламро ба шаҳодоти Худ моил гардон, ва на ба тамаъкорӣ.
[37] Чашмонамро аз дидани чизҳои ҳеҷу пуч пешгирӣ намо; дар тариқи Худ маро зинда гардон.
[38] Сухани Худро бо бандаи Худ, ки ба тарси Ту дода шудааст, иҷро намо.
[39] Маломати маро, ки аз он метарсам, пешгирӣ намо, зеро ки довариҳои Ту некӯст.
[40] Инак, фармудҳои Туро орзумандам; аз рӯи адолати Худ маро зинда гардон.
[41] Бигзор эҳсонҳои Ту, эй Худованд, бар ман биёяд, ва наҷоти Ту мувофиқи сухани Ту,
[42] То ки ба ҷавоби бадгӯи худ чизе гуфта тавонам, зеро ки ба каломи Ту таваккал кардаам.
[43] Ва каломи ростиро аз даҳонам тамоман нагир; зеро ки ба довариҳои Ту умед бастаам;
[44] Ва шариати Туро ҳамеша нигоҳдорӣ хоҳам кард то абад.
[45] Дар вусъатобод роҳ хоҳам рафт, зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.
[46] Дар бораи шаҳодоти Ту пеши подшоҳон сухан хоҳам ронд, ва ор нахоҳам дошт.
[47] Ва аз аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, ҳаловат хоҳам бурд.
[48] Ва кафҳои худро сӯи аҳкоми Ту, ки дӯст медорам, хоҳам бардошт, ва дар бораи фароизи Ту фикру хаёл хоҳам кард.
[49] Каломи Худро бо бандаи Худ ба ёд ор, ки ба василаи он маро умед бахшидаӣ.
[50] Ин дар мусибатам тасаллои ман аст, зеро ки сухани Ту маро зинда гардонд.
[51] Бадқасдон маро бисьёр тамасхур карданд; бо вуҷуди он аз шариати Ту сар натофтам.
[52] Довариҳои қадимии Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам, ва тасаллӣ меёфтам.
[53] Оташинӣ маро дар бар мегирад аз шарироне ки шариати Туро тарк кардаанд.
[54] Фароизи Ту сурудҳои ман буд дар ғарибистони ман.
[55] Шабона исми Туро, эй Худованд, ба ёд меовардам, ва шариати Туро нигоҳдорӣ мекардам.
[56] Он аз они ман гардидааст, зеро ки фармудҳои Туро риоя намудаам.
[57] Худованд насибаи ман аст; гуфтам, ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
[58] Марҳамати Туро бо тамоми дил илтиҷо кардаам: мувофиқи сухани Худ ба ман марҳамат намо.
[59] Роҳҳоямро андешидаам, ва пойҳоямро сӯи шаҳодоти Ту баргардондаам.
[60] Барои нигоҳдории аҳкоми Ту шитофтаам ва дер накардаам.
[61] Камандҳои шарирон маро иҳота намуд; лекин шариати Туро фаромӯш накардам.
[62] Нисфи шаб мехестам, то ки Туро ҳамд гӯям барои довариҳои одилонаи Ту.
[63] Ман ба ҳамаи онҳое ки аз Ту метарсанд, рафиқ ҳастам; ва ба онҳое ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ мекунанд.
[64] Аз эҳсони Ту, эй Худованд, замин пур аст; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
[65] Ба бандаи Худ, эй Худованд, мувофиқи каломи Худ некӣ кардаӣ.
[66] Ақли некӯ ва донишро ба ман таълим деҳ; зеро ки ба аҳкоми Ту имон овардаам.
[67] Пеш аз он ки ба залолат афтам, ман саҳв менамудам; вале акнун сухани Туро нигоҳдорӣ мекунам.
[68] Ту некӯ ва некӯкор ҳастӣ; фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
[69] Бадқасдон дар ҳаққи ман дурӯғ мебофанд; лекин ман бо тамоми дил фармудҳои Туро пайравӣ хоҳам кард.
[70] Дили онҳо мисли дунба равған бастааст; лекин ман аз шариати Ту ҳаловат мебарам.
[71] Барои ман некӯст, ки уқубат кашидаам, то ки фароизи Туро таълим гирам.
[72] Барои ман шариати даҳони Ту беҳ аст аз ҳазорҳо тилло ва нуқра.
[73] Дастҳои Ту маро офаридааст ва барпо кардааст; маро фаҳм бибахш, то ки аҳкоми Туро таълим гирам.
[74] Тарсгорони Ту маро дида, шод хоҳанд шуд, зеро ки ба каломи Ту умед бастаам.
[75] Медонам, эй Худованд, ки довариҳои Ту одилона аст; ва маро барҳақ уқубат додаӣ.
[76] Пас, бигзор эҳсони Ту тасаллои ман гардад; мувофиқи сухани Ту бо бандаи Ту.
[77] Бигзор марҳамати Ту бар ман биёяд, то ки зинда шавам; зеро ки шариати Ту ҳаловати ман аст.
[78] Бигзор бадқасдон хиҷил шаванд, зеро ки ноҳақ ба ман ноинсофӣ карданд; аммо ман дар бораи фармудҳои Ту фикру хаёл мекунам.
[79] Бигзор тарсгорони Ту сӯи ман баргарданд, ва шаҳодоти Туро бидонанд.
[80] Бигзор дилам дар фароизи Ту комил бошад, то ки хиҷил нашавам.
[81] Ҷонам барои наҷоти Ту хаста мешавад: ба каломи Ту умед бастаам.
[82] Чашмонам барои сухани Ту хаста мешавад; мегӯям: «Кай маро тасаллӣ хоҳӣ дод?»
[83] Зеро ки мисли машки дудхӯрда гардидаам; аммо фароизи Туро фаромӯш накардаам.
[84] Чӣ қадар аст рӯзҳои бандаи Ту? Таъқибкунандагони маро кай доварӣ хоҳӣ кард?
[85] Бадқасдон, ки ба шариати Ту мувофиқ нестанд, барои ман чоҳҳо канданд.
[86] Тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост; маро ноҳақ таъқиб мекунанд; ба ман ёварӣ намо.
[87] Кам монда буд, ки дар замин кори маро тамом кунанд; валекин ман фармудҳои Туро тарк накардам.
[88] Аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон, то ки шаҳодати даҳони Туро нигоҳдорӣ кунам.
[89] Каломи Ту, эй Худованд, то абад аст; дар осмонҳо қоим аст.
[90] Садоқати Ту то абадуддаҳр аст; заминро офаридаӣ, ва он истодааст.
[91] Мувофиқи дастурҳои Ту то имрӯз истодаанд; зеро ки ҳама бандаи Ту ҳастанд.
[92] Агар шариати Ту ҳаловати ман намебуд, дар мусибати худ нобуд мешудам.
[93] Фармудҳои Туро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард; зеро ки бо онҳо маро зинда гардондаӣ.
[94] Ман аз они Ту ҳастам, маро наҷот деҳ; зеро ки фармудҳои Туро ҷӯё шудаам.
[95] Шарирон маро поида гаштаанд, то ки маро нобуд кунанд; аммо ман шаҳодоти Туро муроқиба менамоям.
[96] Барои ҳар камоле заволе дидаам; аммо аҳкоми Ту бағоят васеъ аст.
[97] Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст.
[98] Аҳкоми Ту маро аз душманонам зиёдтар ҳикмат омӯхтааст; зеро ки он ҳамеша бо ман аст.
[99] Аз ҳамаи муаллимони худ донотар шудаам; зеро ки фикру хаёлам дар бораи шаҳодоти Туст.
[100] Аз пирон бомаърифаттар шудаам; зеро ки фармудҳои Туро риоя менамоям.
[101] Аз ҳар гуна роҳи бад пойҳоямро боздоштаам, то ки каломи Туро нигоҳдорӣ кунам.
[102] Аз дастурҳои Ту дур нашудаам, зеро ки Ту маро таълим медиҳӣ.
[103] Чӣ ширин аст сухани Ту ба коми ман! Ва ба даҳонам аз асал ширинтар аст.
[104] Аз фармудҳои Ту бомаърифат шудаам; бинобар ин аз ҳар гуна роҳи кизб нафрат дорам.
[105] Каломи Ту чароғ аст барои поям; ва нур аст барои роҳам.
[106] Қасам хӯрдаам ва онро ба ҷо хоҳам овард, ки довариҳои одилонаи Туро нигоҳдорӣ кунам.
[107] Бисьёр ба залолат афтодаам; Худовандо, мувофиқи каломи Худ маро зинда гардон.
[108] Ба ҳадияҳои даҳонам таваҷҷӯҳ намо, эй Худованд! Ва дастурҳои Худро ба ман таълим деҳ.
[109] Ҷонам ҳамеша дар кафи ман аст; вале шариати Туро фаромӯш намекунам.
[110] Шарирон барои ман дом ниҳодаанд; вале аз фармудҳои Ту дур нашудаам.
[111] Шаҳодоти Туро то абад мероси худ кардаам; зеро ки онҳо хурсандии дили ман аст.
[112] Диламро ба иҷрои фароизи Ту моил кардаам; ба сурати абадӣ, то ба охир.
[113] Аз ҳардамхаёлон нафрат дорам; вале шариати Туро дӯст медорам.
[114] Паноҳ ва сипари ман Ту ҳастӣ; ба каломи Ту умед бастаам.
[115] Аз ман дур шавед, эй бадкешон! Аҳкоми Худои худро пайравӣ хоҳам кард.
[116] Маро мувофиқи сухани Худ дастгирӣ намо, то ки зинда шавам; ва аз умедам хиҷил нагардон.
[117] Ба ман ёварӣ намо, то ки наҷот ёбам; ва ҳамеша ба фароизи Ту назар дӯзам.
[118] Ҳамаи онҳоеро, ки аз фароизи Ту дур шудаанд, вожгун кардаӣ; зеро ки найранги онҳо бефоида аст.
[119] Ҳамаи шарирони заминро мисли занги оҳан тарошида нест мекунӣ; бинобар ин шаҳодоти Туро дӯст доштаам.
[120] Аз тарси Ту мӯи баданам сих шудааст; ва аз довариҳои Ту метарсам.
[121] Инсоф ва адолатро пеша кардаам; маро ба ситамгаронам таслим накун.
[122] Бар нафъи бандаи Худ зомин шав, то ки бадқасдон ба ман ситам накунанд.
[123] Чашмонам барои наҷоти Ту хаста мешавад, ва барои сухани адолати Ту.
[124] Бо бандаи Худ аз рӯи эҳсони Худ амал намо, ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
[125] Ман бандаи Ту ҳастам; маро фаҳм бибахш, то ки шаҳодоти Туро дарк намоям.
[126] Вақти он аст, ки Худованд амал кунад; шариати Туро поймол кардаанд.
[127] Лекин ман аҳкоми Туро дӯст медорам, бештар аз тилло ва зари холис.
[128] Бинобар ин ҳамаи фармудҳои Туро дар ҳар бобат рост мешуморам; аз ҳар роҳи кизб нафрат дорам.
[129] Шаҳодоти Ту аҷоиб аст; бинобар ин ҷонам онҳоро риоя мекунад.
[130] Оғози каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад.
[131] Даҳонамро васеъ кушода нафас мегирам; зеро ки ташнаи аҳкоми Ту ҳастам.
[132] Ба ман лутф ва марҳамат намо; чунон ки дӯстдорони исми Туро сазовор аст.
[133] Қадамҳоямро дар сухани Худ устувор гардон; ва ҳеҷ бадиро нагузор, ки бар ман ҳукмрон шавад.
[134] Маро аз ситами одамизод раҳоӣ деҳ, то ки фармудҳои Туро нигоҳдорӣ кунам.
[135] Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо, ва фароизи Худро ба ман таълим деҳ.
[136] Ҷӯйборҳои об аз чашмонам равон аст, аз дасти онҳое ки шариати Туро нигоҳдорӣ намекунанд.
[137] Ту, эй Худованд, одил ҳастӣ, ва довариҳои Ту ҳақ асту рост.
[138] Шаҳодоти Худро бо адолат амр фармудаӣ, ва бо ростии мутлақ.
[139] Рашки ман кори маро тамом кардааст, зеро ки адуёнам каломи Туро фаромӯш кардаанд.
[140] Сухани Ту бағоят покиза аст, ва бандаи Ту онро дӯст медорад.
[141] Ман хурд ва ҳақир ҳастам, аммо фармудҳои Туро фаромӯш накардаам.
[142] Адолати Ту адолат аст то абад, ва шариати Ту ҳақ асту рост.
[143] Тангӣ ва кулфат маро дарьёфтааст; аҳкоми Ту ҳаловати ман аст.
[144] Адолати шаҳодоти Ту то абад аст; маро фаҳм бибахш, то ки зинда шавам.
[145] Бо тамоми дил мехонам: маро иҷобат намо, эй Худованд, то ки фароизи Туро пайравӣ намоям.
[146] Туро мехонам: маро наҷот деҳ, то ки шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ кунам.
[147] Пеш аз дамидани субҳ хеста, истиғоса мебарам; ба каломи Ту умед бастаам.
[148] Чашмонам дар посҳои шаб кушода мешавад, то ки дар бораи сухани Ту фикру хаёл кунам.
[149] Овози маро аз рӯи эҳсони Худ бишнав; Худовандо, аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.
[150] Шавқмандони фисқу фуҷур наздик омадаанд; онҳо аз шариати Ту дур ҳастанд.
[151] Ту, эй Худованд, наздик ҳастӣ, ва тамоми аҳкоми Ту ҳақ асту рост.
[152] Аз қадим шаҳодоти Туро донистаам, ки онҳоро ба сурати абадӣ буньёд кардаӣ.
[153] Ба мусибатам назар кун ва маро раҳоӣ деҳ, зеро ки шариати Туро фаромӯш накардаам.
[154] Доди маро бигир ва маро бираҳон; мувофиқи сухани Худ маро зинда гардон.
[155] Аз шарирон наҷот дур аст, зеро ки толиби фароизи Ту нестанд.
[156] Марҳаматҳои Ту бисьёр аст, эй Худованд; аз рӯи инсофи Худ маро зинда гардон.
[157] Таъқибкунандагонам ва адуёнам бисьёранд; лекин аз шаҳодоти Ту сар натофтаам.
[158] Хоинонро мебинам ва мутанаффир мешавам, чунки онҳо сухани Туро нигоҳдорӣ намекунанд.
[159] Бубин, ки фармудҳои Туро дӯст медорам; Худовандо, аз рӯи эҳсони Худ маро зинда гардон.
[160] Таҳкурсии каломи Ту ҳақ асту рост, ва ҳар доварии одилонаи Ту то абад аст.
[161] Мирон маро бар абас таъқиб мекунанд; вале дилам аз каломи Ту метарсад.
[162] Аз сухани Ту шодмонам, мисли касе ки ғанимати бисьёре ба даст оварда бошад.
[163] Аз кизб кароҳат дорам ва мутанаффир мешавам; шариати Туро дӯст медорам.
[164] Рӯзе ҳафт карат Туро мадҳ менамоям барои довариҳои одилонаи Ту.
[165] Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад.
[166] Ба наҷоти Ту, эй Худованд, умед бастаам, ва аҳкоми Туро иҷро мекунам.
[167] Ҷонам шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунад; онҳоро бағоят дӯст медорам.
[168] Фармудҳои Туро, ва шаҳодоти Туро нигоҳдорӣ мекунам, зеро ки ҳамаи роҳҳоям пеши назари Туст.
[169] Бигзор тазаррӯи ман пеши Ту, эй Худованд, наздик шавад; мувофиқи каломи Худ маро фаҳм бибахш.
[170] Бигзор истиғосаам пеши Ту бирасад; мувофиқи сухани Худ маро халосӣ деҳ.
[171] Лабҳоям ҳамду санои Туро ифода хоҳад кард, вақте ки фароизи Худро ба ман таълим диҳӣ.
[172] Забонам сухани Туро хоҳад сароид, зеро ки тамоми аҳкоми Ту адл аст.
[173] Бигзор дасти Ту мададгори ман бошад, зеро ки фармудҳои Туро баргузидаам.
[174] Орзуманди наҷоти Ту ҳастам, эй Худованд, ва шариати Ту ҳаловати ман аст.
[175] Бигзор ҷонам зинда бошад, то ки Туро мадҳ кунад; ва довариҳои Ту ба ман мадад расонанд.
[176] Мисли гӯсфанди гумшуда роҳро гум кардаам: бандаи Худро талаб кун, зеро ки аҳкоми Туро фаромӯш накардаам.