Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Суруди таълимии Довуд,

[2] Вақте ки зифиён назди Шоул омада, гуфтанд: «Оё Довуд назди мо пинҳон нашудааст?»

[3] Худоё! Ба исми Худ маро наҷот деҳ, ва ба қудрати Худ маро дар доварӣ ҳимоят намо.

[4] Худоё! Дуоямро бишнав; ба гуфтори забонам гӯш андоз,

[5] Зеро ки бегонаҳо бар ман қиём кардаанд, ва ситамгарон қасди ҷонам доранд; Худоро пеши назари худ намеоваранд. Село.

[6] Инак, Худо мададгори ман аст; Худованд ҷонамро тақвият медиҳад.

[7] Бадиро бар мухолифонам хоҳад баргардонид; бо ростии Худ онҳоро маҳв намо.

[8] Аз самими қалб ба Ту қурбониҳо меоварам; исми Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям, чунки некӯст;

[9] Зеро ки аз ҳамаи тангиҳо Ту маро раҳо кардаӣ, ва чашми ман шикасти душманонамро дидааст.

Забур — Chapters