Skip to content
Opens in a new window

[1] Маро, эй Худо, дар доварӣ ҳимоят намо, ва доди маро аз мардуми бераҳм бигир; аз шахси маккор ва ноинсоф маро раҳоӣ деҳ,

[2] Зеро ки Ту Худои истеҳкоми ман ҳастӣ. Чаро маро партофтаӣ? Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам?

[3] Нур ва ростии Худро бифрист, то ки маро ҳидоят намоянд, маро ба кӯҳӣ муқаддаси Ту ва ба масканҳои Ту биёранд.

[4] Ва назди қурбонгоҳи Худо хоҳам омад, назди Худое ки шодӣ ва хурсандии ман аст, ва Туро, эй Худо, Худои ман, бо барбат ҳамд хоҳам гуфт!

[5] Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳӣ шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.

Забур — Chapters