[1] Таронаи Ософ. Ба яқин Худо барои Исроил, барои софдилон некӯст.
[2] Валекин ман, кам монда буд, ки пойҳоям билағҷад, кам монда буд, ки қадамҳоям суст шавад,
[3] Зеро ки аз лофакиён ҳасад бурдам, вақте ки осудагии шариронро дидам.
[4] Зеро ки то мурданашон азоб намекашанд, ва ҷисмашон сиҳат аст.
[5] Заҳмати инсониро аз сар намегузаронанд, ва мисли одамон осеб намебинанд.
[6] Бинобар ин шаддаи ғурур гарданашонро оро додааст; либоси зулм ҷисмашонро пӯшидааст.
[7] Чашмонашон равған баста, аз косахонааш баромадааст; андешаҳои дилашон ошкор мешавад.
[8] Тамасхур мекунанд ва бо адоват гап мезананд; бо ҳавобаландӣ суханони ситамкорона мегӯянд.
[9] Даҳонашонро ба осмон нигаронидаанд, ва забонашон бар замин мегардад.
[10] Бинобар ин қавми Ӯ ба ҳамон тараф рӯ меоварад, ва оби фаровон ба вай нӯшонида мешавад.
[11] Ва мегӯянд: «Худо чӣ гуна бидонад? Ва оё Ҳаққи Таоло дорои дониш аст?»
[12] Инак, ин шарирон ва бепарвоёни ҷаҳон сарват афзун мекунанд.
[13] Пас, беҳуда ман диламро соф кардаам, ва кафҳоямро ба покӣ шустаам,
[14] Дар сурате ки ҳар рӯз осеб мебинам, ва ҳар субҳ панд мегирам.
[15] Агар мегуфтам, ки «мисли онҳо сухан хоҳам ронд», — дар ҳаққи насли фарзандони Ту хиёнат мекардам.
[16] Ва фикру хаёл кардам, то ки инро бифаҳмам; ин дар назарам заҳмат буд,
[17] То даме ки ба қудсҳои Худо даромадам; он гоҳ ба фарҷоми онҳо сарфаҳм рафтам.
[18] Ба яқин Ту онҳоро дар ҷойҳои лағжонак гузоштаӣ; оқибат онҳоро дар харобиҳо хоҳӣ андохт.
[19] Чӣ гуна дар як мижа задан онҳо хонавайрон гардидаанд ва ба ҳалокат расида, аз даҳшатҳо фано шудаанд!
[20] Мисли хобе пас аз бедоршавӣ, Ту, эй Худованд, онҳоро бедор карда, шавкаташонро барҳам хоҳӣ дод.
[21] Зеро ки дилам ба ҷӯш омада буд, ва ботинам маҷрӯҳ шуда буд,
[22] Ва ман ҷоҳил будам ва сарфаҳм намерафтам; мисли чорпое назди Ту будам.
[23] Валекин ман доимо бо Ту ҳастам; Ту ямини маро дастгирӣ намудаӣ.
[24] Бо машварати Худ маро ҳидоят мекунӣ, ва пас аз он маро ба ҷалол хоҳӣ расонд.
[25] Кист барои ман дар осмон? Ва бо Ту дар замин хоҳони чизе нестам.
[26] Агарчи ҷисмам ва дилам адо мешавад, Худо кӯҳпораи дили ман аст ва насибаи ман аст то абад.
[27] Зеро инак онҳое ки аз Ту дур ҳастанд, нест хоҳанд шуд: ҳар киро, ки аз Ту даст мекашад, дафъ хоҳӣ кард.
[28] Валекин барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст; ба Худованд Худо ман паноҳ бурдаам, то ки тамоми аъмоли Туро ривоят намоям.