Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Ософ. Худоё! Халқҳо ба мероси Ту даромаданд, қасри қудси Туро ҳаром карданд, Ерусалимро ба харобазор табдил доданд.

[2] Лошаҳои бандагони Туро ба мурғони ҳаво барои хӯрок партофтанд, ва гӯшти порсоёни Туро ба ҳайвонҳои замин.

[3] Хуни онҳоро мисли об гирдогирди Ерусалим рехтанд, ва касе набуд, ки онҳоро ба хок супорад.

[4] Назди ҳамсоягони худ нангин шудем, хандахариш ва ҳақир назди онҳое ки дар гирду пеши моянд.

[5] То ба кай, эй Худованд, доим ғазабнок хоҳӣ буд? Ва рашки Ту мисли оташ аланга хоҳад зад?

[6] Ғазаби Худро бар халқҳое бирез, ки Туро намешиносанд, ва бар мамлакатҳое ки исми Туро намехонанд.

[7] Зеро ки Яъқубро хӯрдаанд, ва манзили ӯро хароб кардаанд.

[8] Гуноҳҳои аҷдодро ба мо хотирнишон накун; бигзор марҳаматҳои Ту ба зудӣ моро истиқбол намояд, зеро ки бисьёр ба залолат афтодаем.

[9] Эй Худои наҷоти мо, ба хотири ҷалоли исми Худ ба мо мадад расон ва моро халосӣ деҳ, ва ба хотири исми Худ хатоҳои моро кафорат намо.

[10] Чаро халқҳо гӯянд, ки «Худои онҳо куҷост?» Бигзор интиқоми хуни бандагони Ту, ки рехта шудааст, дар миёни халқҳо дар пеши назари мо маълум гардад.

[11] Бигзор оҳу нолаи бандиён пеши Ту бирасад; бо қудрати бозуи Худ маҳкумони мамотро вораҳон.

[12] Ва сазои ҳафтчандон ба ҳамсоягони мо баргардон, барои хорие ки ба Ту, эй Худованд, расондаанд.

[13] Валекин мо, ки қавми Ту ва гӯсфандони чарогоҳи Ту ҳастем, Туро ҳамеша сипос хоҳем гуфт ва ҳамду санои Туро то абадуддаҳр ба забон хоҳем ронд.

Забур — Chapters