[1] Биёед, дар шаъни Худованд тараннум намоем, дар шаъни кӯҳпораи наҷоти худ бонги шодӣ занем.
[2] Пеши Ӯ бо шукрона ҳозир шавем, дар шаъни Ӯ бо сурудҳо бонги шодӣ занем.
[3] Зеро ки Худованд Худои бузург аст, ва подшоҳи бузург бар ҳамаи худоён.
[4] Умқҳои замин дар дасти Ӯст; ва қуллаҳои кӯҳҳо аз они Ӯст.
[5] Баҳр аз они Ӯст, ва онро Ӯ ба вуҷуд овардааст; ва хушкиро дастҳои Ӯ офаридааст.
[6] Биёед, саҷда намоем ва таъзим кунем; пеши Худованд, ки Офаридагори мост, зону занем.
[7] Зеро ки Ӯ Худои мост, ва мо қавми чарогоҳи Ӯ ва гӯсфандони зери дасти Ӯ ҳастем. Имрӯз агар овози Ӯро бишнавед:
[8] «Дилҳои худро мисли замони ошӯб сахт накунед, мисли рӯзи озмоиш дар биёбон,
[9] Ки падарони шумо Маро озмуданд; Маро имтиҳон карданд, агарчи аъмоли Маро дида буданд.
[10] Чил сол бар ин насл дарғазаб шудам, ва гуфтам: қавми гумроҳдил ҳастанд, ва роҳҳои Маро нафаҳмиданд,
[11] Ба тавре ки Ман дар ғазаби Худ қасам хӯрдам, ки онҳо ба оромии Ман дохил нахоҳанд шуд».