Skip to content
Opens in a new window

[1] Бо овози худ сӯи Худованд фарьёд мекашам, бо овози худ сӯи Худованд зорӣ мекунам.

[2] Андӯҳамро пеши Ӯ изҳор менамоям; тангиамро пеши Ӯ баён мекунам.

[3] Вақте ки рӯҳам дар ман аз ҳол мерафт, Ту тариқи маро медонистӣ; дар роҳе ки меравам, доме барои ман пинҳон кардаанд.

[4] Ба тарафи рост назар андоз ва бубин, ки каси ба ман шиносе нест; гурезгоҳе бароям боқӣ намондааст: касе нест, ки ғами ҷонамро бихӯрад.

[5] Сӯи Ту, эй Худованд, фарьёд кашидам ва гуфтам: «Ту паноҳгоҳи ман ҳастӣ, ва насибаи ман дар замини зиндаҳо.

[6] Ба тазаррӯам диққат намо, зеро ки бисьёр бемаҷол шудаам; маро аз таъқибкунандагонам халосӣ деҳ, зеро ки аз ман пурзӯртаранд.

[7] Ҷонамро аз зиндон берун ор, то ки исми Туро ҳамд гӯям; одилон дар ман ифтихор хоҳанд кард, вақте ки Ту ба ман таваҷҷӯҳ намоӣ».

Забур — Chapters