[1] Дуои Довуд. Эй Худованд, адолатро бишнав, тазаррӯи маро иҷобат намо, ба дуои ман, ки аз лабони бемакр берун меояд, гӯш андоз.
[2] Бигзор ҳукмномаи ман аз ҳузури Ту барояд: чашмони Ту ростбин аст.
[3] Диламро имтиҳон кардӣ, шабона тафаққуд намудӣ, маро озмудӣ, ва чизе наёфтӣ: андешаи баде надорам, ки ба забон оварда натавонам.
[4] Дар амалиёти инсонӣ, мувофиқи каломи лабони Ту, худро аз роҳҳои золим нигоҳ доштам.
[5] Қадамҳоямро дар роҳҳои Худ қоим гардон, то ки пойҳоям налағҷад.
[6] Ман Туро мехонам, зеро ки Ту, эй Худо, маро иҷобат менамоӣ; гӯши Худро сӯи ман хам намо ва суханамро бишнав.
[7] Эҳсонҳои аҷоиби Худро бинамо, эй Наҷотдиҳандаи паноҳбарон аз онҳое ки бар зидди ямини Ту қиём мекунанд.
[8] Ҳамчун гавҳараки чашм маро нигаҳбонӣ намо; дар сояи болҳои Худ маро пинҳон бикун
[9] Аз шарироне ки ба ман ситам мекунанд, — аз душманони қасди ҷонам, ки маро иҳота менамоянд.
[10] Амъояшон чарбу баста, даҳонашон суханони мағрурона мегӯяд.
[11] Дар ҳар қадамамон алҳол моро иҳота мекунанд; чашмони худро дӯхтаанд, то ки маро ба замин ғалтонанд;
[12] Вай мисли шерест, ки ба даридан ҳарис бошад, ва мисли шери ҷавонест, ки дар камингоҳ нишаста бошад.
[13] Бархез, эй Худованд, аз вай пешдастӣ карда, варо мағлуб намо, ҷонамро аз шарир бо шамшерат бираҳон,
[14] Яъне аз сафилон бо дасти Худ, эй Худованд; аз сафилони дуньё, ки аз ин зиндагӣ баҳраманданд, ва ганҷинаи Ту шиками онҳоро пур мекунад; фарзандҳошон низ сер шуда, бақияи онро ба бачагони худ мемонанд.
[15] Ман дар адолат рӯи Туро хоҳам дид; чун бедор шавам, аз сурати Ту сер хоҳам шуд.