Skip to content
Opens in a new window

[1] Ҳалелуёҳ. Худовандро аз осмонҳо мадҳ кунед; Ӯро дар афрозҳо мадҳ кунед.

[2] Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи фариштагони Ӯ; Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи лашкарҳои Ӯ.

[3] Ӯро мадҳ кунед, эй офтоб ва моҳ; Ӯро мадҳ кунед, эй ҳамаи ситорагони нур.

[4] Ӯро мадҳ кунед, эй фалакулафлок, ва эй обҳои фавқи осмонҳо.

[5] Исми Худовандро мадҳ мекунанд, зеро ки Ӯ амр фармудааст, ва онҳо офарида шудаанд.

[6] Ва онҳоро қоим доштааст то абад; ва қонуне муқаррар намудааст, ва аз он нахоҳанд даргузашт.

[7] Худовандро аз замин мадҳ кунед, эй наҳангон ва ҳамаи вартаҳо;

[8] Эй оташ ва жола, эй барф ва дуд, эй боди тунд, ки каломи Ӯро ба ҷо меоварӣ;

[9] Эй кӯҳҳо ва ҳамаи талҳо, эй дарахтони мевадор ва ҳамаи арзҳо;

[10] Эй ҳайвонҳо ва ҳамаи чорпоён, эй хазандагон ва мурғони болдор;

[11] Эй подшоҳони замин ва ҳамаи қабилаҳо, эй мирон ва ҳамаи доварони замин;

[12] Эй ҷавонон ва бокираҳо низ, эй пирон ва наврасон.

[13] Исми Худовандро мадҳ мекунанд, зеро ки танҳо исми Ӯ олишаън аст, шукӯҳи Ӯ бар замин ва осмон аст.

[14] Ва Ӯ шохи қавми Худро баланд бардоштааст, то ки ҳамду саное шавад дар шаъни ҳамаи порсоёни Ӯ, дар шаъни банӣ‐Исроил, ки қавми муқарраби Ӯ ҳастанд. Ҳалелуёҳ.

Забур — Chapters