Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии Довуд,

[2] Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.

[3] Чаро ба бадӣ фахр мекунӣ, эй зӯровар? Эҳсони Худо ҳамеша бо мост.

[4] Забонат суханони фитнаангез мебофад; он мисли покуи тез аст, эй маккор!

[5] Бадиро аз некӣ бештар дӯст медорӣ, ва дурӯғро аз ҳақгӯӣ бештар. Село.

[6] Ҳар гуна суханони фосидонаро дӯст медорӣ, эй забони ҳилагар!

[7] Худо низ туро ба сурати абадӣ вожгун хоҳад намуд, туро бе беху буньёд карда, аз хаймаат бадар хоҳад ронд, ва решаи туро аз замини зиндаҳо. Село.

[8] Ва одилон инро дида, ҳаросон хоҳанд шуд, ва ба ҳоли вай хоҳанд хандид:

[9] «Ин аст марде ки Худоро истеҳкоми худ надонист, балки ба фаровонии сарвати худ таваккал кард ва дар ҳирси худ қоим буд».

[10] Валекин ман мисли зайтуни сабзу хуррам дар хонаи Худо ҳастам, ва ба эҳсони Худо таваккал менамоям то абад.

[11] Туро ҳамеша ҳамд хоҳам гуфт, зеро ки инро Ту ба амал овардаӣ; ва ба исми Ту умед хоҳам баст, зеро ки он ба ҳузури порсоёни Ту некӯст.

Забур — Chapters