Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууд. Довудро, эй Худованд, ба ёд ор, тамоми меҳнати ӯро,

[2] Ки ба Худованд қасам хӯрда буд, ба Қодири Яъқуб назр карда буд:

[3] «Зери сақфи хонаи худ дохил нахоҳам шуд, бар ҷойхоби худ нахоҳам баромад,

[4] Хоб ба чашмони худ нахоҳам дод, ва ғанаб ба мижгони худ,

[5] То даме ки мақоме барои Худованд пайдо кунам, ва масканҳо барои Қодири Яъқуб».

[6] Инак, дар бораи он дар Эфрот шунидаем, онро дар саҳрои Ёар ёфтаем.

[7] Ба масканҳои Ӯ меоем, ба қадамгоҳи Ӯ саҷда мекунем.

[8] Бархез, эй Худованд, ба оромгоҳи Худ биё, — Ту ва сандуқи шавкати Ту.

[9] Коҳинони Ту ҷомаи адолат хоҳанд пӯшид, ва порсоёни Ту тараннум хоҳанд кард.

[10] Ба хотири бандаи Худ Довуд, рӯи масеҳи Худро барнагардон.

[11] Худованд ба Довуд ба ростӣ қасам хӯрдааст, ва аз он нахоҳад баргашт: «Аз самари батни ту бар тахти ту хоҳам гузошт;

[12] Агар писаронат аҳди Маро нигоҳдорӣ кунанд, ва шаҳодати Маро, ки ба онҳо таълим хоҳам дод: писарони онҳо низ ба сурати абадӣ бар тахти ту хоҳанд нишаст».

[13] Зеро ки Худованд Сионро баргузидааст; онро барои нишемангоҳи Худ хостааст:

[14] «Ин аст оромгоҳи Ман ба сурати абадӣ; дар ин ҷо хоҳам нишаст, зеро ки онро хостаам.

[15] Ҳосилоташро баракат хоҳам дод, камбағалонашро аз нон сер хоҳам кард.

[16] Ва коҳинонашро ҷомаи наҷот хоҳам пӯшонид; ва порсоёнаш пайваста тараннум хоҳанд кард.

[17] Дар он ҷо шохи Довудро хоҳам сабзонид; чароғе барои масеҳи Худ хоҳам барафрӯхт.

[18] Душманони ӯро ҷомаи хиҷолат хоҳам пӯшонид; валекин бар ӯ тоҷи ӯ дурахшон хоҳад шуд».

Забур — Chapters