[1] Таронаи Довуд, вақте ки ӯ дар биёбони Яҳудо буд.
[2] Худоё! Ту Худои ман ҳастӣ, Туро ҳамеша меҷӯям; ҷонам ташнаи Туст, ва ҷисмам пазмони Ту, дар замини хароба ва бемаҷоле ки об надорад.
[3] Ҳамин тавр дар қудс бар Ту менигаристам, вақте ки ба дидани қувват ва ҷалоли Ту меомадам.
[4] Зеро ки эҳсони Ту аз ҳаёт некӯтар аст; лабҳоям Туро ситоиш хоҳад кард.
[5] Ҳамин тавр Туро тамоми умри худ муборак хоҳам хонд; ба исми Ту кафҳои худро боло хоҳам кард.
[6] Ҷонам чун аз хӯроки равғанин ва лазиз сер хоҳад шуд, ва даҳонам бо лабҳои шодмон Туро мадҳ хоҳад кард.
[7] Вақте ки Туро бар бистари худ ба ёд меоварам, ҳамаи посҳои шаб дар бораи Ту фикру хаёл мекунам,
[8] Зеро ки Ту мададгори ман будӣ, ва дар сояи болҳои Ту шодӣ хоҳам кард.
[9] Ҷонам ба Ту часпидааст; ямини Ту маро дастгирӣ менамояд.
[10] Валекин онҳое ки толиби маҳв кардани ҷони мананд, ба таҳтуттуроб хоҳанд рафт.
[11] Онҳоро аз дами шамшер хоҳанд гузаронд; онҳо тӯъмаи шағолон хоҳанд шуд.
[12] Ва подшоҳ дар Худо шодӣ хоҳад кард; ҳар кӣ ба Ӯ қасам ёд кунад, фахр хоҳад кард, зеро ки даҳони дурӯғгӯён баста хоҳад шуд.