Skip to content
Opens in a new window

[1] Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам; ҳаргиз хиҷил нахоҳам шуд.

[2] Аз рӯи адолати Худ маро халос кун ва маро раҳоӣ деҳ; гӯши Худро сӯи ман хам намо ва маро наҷот деҳ.

[3] Барои ман кӯҳпораи паноҳ бош, то ки ҳамеша биёям; амри Ту буд, ки маро наҷот диҳӣ, зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ.

[4] Эй Худои ман! Маро аз дасти шарир раҳоӣ деҳ, ва аз кафи ноинсоф ва золим.

[5] Зеро ки Ту умеди ман ҳастӣ, эй Худованд Худо! Аз хурдсолиам пушту паноҳи ман ҳастӣ.

[6] Аз батн бар Ту такья кардаам; аз шиками модарам Ту маро берун овардаӣ; ҳамду санои ман доимо дар бораи Туст.

[7] Барои бисьёр касон намунаи ибрат будам, чунки Ту паноҳгоҳи пурзӯри ман будӣ.

[8] Даҳонам аз ҳамду санои Ту пур аст, ва ҳар рӯз аз васфи ҷалолати Ту.

[9] Маро дар замони пирӣ партоб накун; вақте ки қувватам кам шавад, маро тарк накун.

[10] Зеро ки душманонам дар бораи ман сухан меронанд, ва каминварони ҷонам бо ҳамдигар маслиҳат мекунанд,

[11] Яъне мегӯянд: «Худо ӯро тарк кардааст; ӯро таъқиб намоед ва дастгир кунед, зеро ки халоскунандае нест».

[12] Худоё! Аз ман дур набош; эй Худои ман! Ба мадади ман шитоб кун.

[13] Бигзор адуёни ҷонам хиҷил гарданд ва нест шаванд, ва бадхоҳонам пероҳани нанг ва расвоӣ дар бар кунанд!

[14] Валекин ман доимо умедвор хоҳам буд, ва бар ҳамаи ҳамду санои Ту боз илова хоҳам намуд.

[15] Забонам адолати Туро баён хоҳад кард, ва ҳар рӯз наҷоти Туро; зеро ки шумораи онҳоро намедонам.

[16] Бо тавсифи қудрати Худованд Худо хоҳам омад; адолати Туро, ки дар Ту ҳасту бас, зикр хоҳам кард.

[17] Худоё! Ту маро аз хурдсолиам таълим додаӣ, ва то ҳол корҳои аҷоиби Туро ҳикоят мекунам.

[18] Ва маро, эй Худо, то вақти пирӣ ва мӯйсафедӣ низ тарк накун, то даме ки бозуи Туро ба ин насл, ва қудрати Туро ба ҳамаи ояндагон ҳикоят кунам,

[19] Ва адолати Туро, эй Худо, ки то ба афроз мерасад, ва корҳои бузургеро, ки Ту кардаӣ; Худоё, кист монанди Ту?

[20] Ту бар сари ман бисьёр тангиҳо ва сахтиҳо овардаӣ, лекин боз маро зинда хоҳӣ кард, ва аз вартаҳои замин боз маро берун хоҳӣ овард.

[21] Бузургии маро афзун хоҳӣ кард, ва боз маро тасаллӣ хоҳӣ дод.

[22] Ман ҳам Туро бо уд ҳамд хоҳам гуфт, яъне ростии Туро, эй Худои ман! Туро, эй Қуддуси Исроил, бо барбат хоҳам сароид!

[23] Чун Туро бисароям, лабҳоям шод хоҳад шуд; ҷонам низ, ки Ту онро раҳоӣ додаӣ.

[24] Забонам низ ҳар рӯз адолати Туро ҳикоят хоҳад кард, зеро ки бадхоҳонам хиҷил ва расво шудаанд.

Забур — Chapters