[1] Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Таронаи Ософ. Суруд.
[2] Дар Яҳудо Худо машҳур аст; дар Исроил исми Ӯ бузург аст.
[3] Ва дар Салим хаймаи Ӯст, ва дар Сион маскани Ӯ.
[4] Дар он ҷо барқҳои камонро шикаст: сипар ва шамшер ва ҷангро. Село.
[5] Ту соҳиби ҷалол ҳастӣ, тавонотар аз кӯҳҳои сайдафкан.
[6] Шердилон тӯъмаи тороҷ шуданд, хобашон даррабуд, ва тамоми мардуми диловар дасту по гум карданд.
[7] Аз итоби Ту, эй Худои Яъқуб, ҳам аробаро, ва ҳам аспро ғанаб бурд.
[8] Ту саҳмгин ҳастӣ, ва кист, ки дар вақти ғазабат пеши Ту истода тавонад?
[9] Аз осмон хукмномаро шунавондӣ: замин тарсид ва сокит шуд,
[10] Ҳангоме ки Худо барои доварӣ бархост, то ки ҳамаи ҳалимони заминро наҷот диҳад. Село.
[11] Ба яқин хашми одамизод ба ҳамди Ту табдил хоҳад ёфт; бар боқии хашмҳо Ту камар хоҳӣ баст.
[12] Ба Худованд Худои худ назр кунед ва адо намоед; бигзор ҳамаи онҳое ки дар гирди Ӯ ҳастанд, ба Саҳмгин инъом биёранд.
[13] Рӯҳи миронро фурӯ хоҳад нишонд; барои подшоҳони замин саҳмгин аст.