Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Эй Худои ҳамду санои ман, хомӯш набош!

[2] Зеро ки даҳони шарорат ва даҳони макрро бар ман кушодаанд: бо забони кизб ба ман сухан меронанд;

[3] Ва бо суханони адоват маро иҳота менамоянд, ва бесабаб бо ман ҷанг мекунанд;

[4] Ба ивази муҳаббати ман маро таъқиб менамоянд, валекин ман дуогӯй;

[5] Ба ивази некӣ ба ман бадӣ мекунанд, ва ба ивази муҳаббати ман — адоват.

[6] Шариреро бар ӯ таъин намо, ва бигзор иблис ба ямини ӯ биистад.

[7] Вақте ки ӯ ба мурофиа меояд, бигзор айбдор шуда барояд, ва дуои ӯ барои ӯ гуноҳ ҳисоб ёбад;

[8] Умри ӯ кӯтоҳ шавад; ҷоҳу ҷалоли ӯро дигаре бигирад;

[9] Фарзандони ӯ ятим монанд, ва занаш бева шавад;

[10] Ва фарзандони ӯ дарбадар гашта, гадоӣ кунанд, ва аз харобазори худ дур афтода, мадад пурсанд;

[11] Қарзхоҳ тамоми молу мулки ӯро забт кунад, ва бегонаҳо меҳнати ӯро толону тороҷ намоянд;

[12] Касе набошад, ки ба ӯ эҳсон кунад, ва касе набошад, ки ба ятимони ӯ раҳм намояд;

[13] Зурьёти ӯ гирифтори ҳалокат гарданд: дар насли дигар номашон маҳв шавад;

[14] Гуноҳи падарони ӯ назди Худованд зикр ёбад, ва хатои модари ӯ аз хотир наравад;

[15] Дар мадди назари Худованд ҳамеша бошанд, ва Ӯ зикри онҳоро аз замин нест кунад,

[16] Аз барои он ки ӯ эҳсон карданро дар ёд надошт, балки одами мискин ва камбағал ва дилрешро таъқиб мекард, то ки ба мурдан расонад.

[17] Ва лаънатро дӯст медошт, ва он ба сари ӯ омад; ва баракатро хоҳон набуд, ва он аз ӯ дур шуд.

[18] Ва лаънатро мисли либоси худ дар бар кард, ва он мисли об андаруни ӯ дохил шуд, ва мисли равған дар устухонҳои ӯ.

[19] Пас бигзор он барои ӯ мисли ҷомае бошад, ки ӯ пӯшида мегардад, ва мисли миёнбанде ки бо он ҳамеша камар мебандад.

[20] Чунин аст подош аз ҷониби Худованд барои адуёнам, ва барои онҳое ки бар чонам бадгӯӣ мекунанд!

[21] Валекин Ту, эй Худованд Худо, ба хотири исми Худ бо ман амал намо, зеро ки эҳсони Ту некӯст; маро раҳоӣ деҳ.

[22] Зеро ки ман мискин ва камбағал ҳастам, ва дилам андаруни ман реш‐реш аст.

[23] Мисли сояи шомгоҳ ба боди фано меравам; мисли малах ронда мешавам.

[24] Зонуҳоям аз рӯзадорӣ бемаҷол гардидааст, ва ҷисмам бе равған монда, лоғар шудааст.

[25] Ва ман назди онҳо нангин шудаам: маро дида, сари худро меҷунбонанд.

[26] Маро мададгор бош, эй Худованд Худои ман! Бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ,

[27] То бидонанд, ки ин дасти Туст, ва Ту, эй Худованд, инро кардаӣ.

[28] Онҳо лаънат мехонанд, вале Ту баракат деҳ; бигзор онҳо қиём карда, шарманда шаванд, вале бандаи Ту шод гардад.

[29] Адуёнам либоси расвоӣ дар бар кунанд, ва шармандагии худро мисли ҷомае бипӯшанд.

[30] Худовандро бо забони худ бағоят ҳамд хоҳам гуфт, ва дар миёни мардуми бисьёр Ӯро мадҳ хоҳам кард.

[31] Зеро ки ба ямини мискин меистад, то ӯро аз онҳое ки ҷонашро маҳкум кардан мехоҳанд, наҷот диҳад.

Забур — Chapters