[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Нокас дар дили худ гуфт: «Худо нест». Онҳо фосид шудаанд, корҳои зишт кардаанд; некӯкоре нест.
[2] Худованд аз осмон ба банӣ‐одам назар андохт, то бубинад, ки оё касе соҳибфаҳм ва толиби Худо ҳаст?
[3] Ҳама рӯй тофтаанд, бо ҳамдигар фосиқ шудаанд; некӯкоре нест, як нафар ҳам нест.
[4] Оё ҳамаи бадкирдорон фаҳм намекунанд, ки қавми маро мехӯранд, чунон ки нон мехӯранд? Худовандро нахондаанд.
[5] Он вақт сахт ҳаросон шуданд, зеро ки Худованд дар насли одилон зоҳир гардидааст.
[6] Шумо рои ҳалимонро тамасхур кардед, аммо Худованд пуштибони онҳост.
[7] Кошки наҷоти Исроил аз Сион ба амал ояд! Вақте ки Худованд асирони қавми Худро баргардонад, Яъқуб хурсанд ва Исроил шод хоҳад шуд.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150