Skip to content
Opens in a new window

[1] Масалҳои Сулаймон, ибни Довуд, подшоҳи Исроил,

[2] Барои донистани ҳикмат ва насиҳат, барои фаҳмидани суханони хирад,

[3] Ва омӯхтани хулқу адаб, адолат, инсоф ва ҳаққоният,

[4] То ки ба соддадилон зиракӣ бахшанд, ба ҷавонон — дониш ва фаросат;

[5] Хирадманд бишнавад, ва донишаш биафзояд; ва оқил тадбирсоз гардад,

[6] То ки масал ва гуфтори кинояомезро, суханони хирадмандон ва муаммоҳои онҳоро дарк намояд.

[7] Худотарсӣ ибтидои дониш аст; беақлон аз ҳикмат ва насиҳат нафрат доранд.

[8] Эй писарам! Насиҳати падари худро бишнав, ва таълими модари худро рад накун,

[9] Чунки ин — тоҷи латофат аст бар сари ту ва тавқҳо бар гардани ту.

[10] Эй писарам! Агар гуноҳкорон туро иғво кунанд, ба онҳо таслим нашав;

[11] Агар гӯянд: «Бо мо биё, то ки барои рехтани хун камин гирем, аз паи бегуноҳе ки беайб бошад, бипоем;

[12] Онҳоро зинда ба зинда, мисли касоне ки дар гӯр ва ба сояи дӯзах фурӯ мераванд; ба коми худ бикашем;

[13] Ҳар навъ молу мулки гаронбаҳо ба даст меоварем, хонаҳои худро аз ғанимат пур мекунем;

[14] Бо мо ҳамдасту шарик бош, ва ҳамаи моро як ҳамьён хоҳад буд», —

[15] Эй писарам! Бо онҳо дар як роҳ равона нашав, ва пои худро аз тариқи онҳо нигоҳ дор,

[16] Чунки пойҳои онҳо сӯи бадӣ медавад ва барои хунрезӣ мешитобад.

[17] Дар назари ҳамаи болдорон дом бар абас ниҳода шудааст,

[18] Валекин онҳо барои рехтани хуни худ камин мегиранд ва аз паи ҷонҳои худ мепоянд.

[19] Чунин аст тариқи ҳар касе ки ба чизи дигарон тамаъ кунад: он чиз ҷони тасарруфкунандаи худро мегирад.

[20] Ҳикмат дар кӯча нидо мекунад, дар майдонҳо овози худро мебарорад,

[21] Дар сари гузарҳо даъват менамояд, дар даҳани дарвозаҳо ва дар шаҳр суханонашро мегӯяд:

[22] «Эй соддадилон! То ба кай соддагиро дӯст хоҳед дошт? То ба кай масхарабозон аз масхарабозӣ лаззат хоҳанд бурд? Ва аблаҳон ба дониш адоват хоҳанд дошт?

[23] Ба мазаммати ман руҷӯъ кунед! Инак, рӯҳи худро ба шумо ифода менамоям, суханонамро ба шумо баён мекунам.

[24] Ман даъват намудам, ва шумо эътино накардед, дастамро дароз кардам, ва касе таваҷҷӯҳ накард.

[25] Чун ҳамаи машваратҳои маро рад кардед, ва мазаммати маро қабул накардед,

[26] Ман низ дар вақти мусибати шумо хоҳам хандид, ва ҳангоме ки тарсу бим бар шумо биёяд, истеҳзо хоҳам кард, —

[27] Ҳангоме ки тарсу бим бар шумо мисли тундбод биёяд, ва мусибат шуморо мисли гирдбод фаро гирад, ҳангоме ки андӯҳ ва тангӣ бар шумо биёяд.

[28] Он гоҳ маро хоҳанд хонд, ва ман иҷобат нахоҳам кард; аз субҳидам маро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва маро нахоҳанд ёфт.

[29] Азбаски онҳо ба дониш адоват доштанд ва худотарсиро интихоб накарданд,

[30] Машварати маро напазируфтанд, аз ҳамаи мазамматҳои ман нафрат карданд, —

[31] Бинобар ин аз меваи рафтори худ хоҳанд хӯрд ва аз дасисаҳои худ сер хоҳанд шуд,

[32] Чунки каҷравии соддадилон онҳоро хоҳад кушт, ва худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд.

[33] Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд».

Китоби Масалҳои Сулаймон — Chapters