Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Суруди таълимии банӣ‐Қӯраҳ.

[2] Чунон ки оҳу иштиёқманди маҷроҳои об аст, ончунон ҷонам иштиёқманди Туст, эй Худо!

[3] Ҷонам ташнаи Худост, ташнаи Худои Ҳай: кай омада, пеши Худо ҳозир мешавам?

[4] Ашкҳоям рӯзу шаб нони ман буд, вақте ки ҳар рӯз ба ман мегуфтанд: «Худои ту куҷост?»

[5] Инро ба хотир оварда, ҷонам андаруни ман ба ҳаяҷон меояд: ҳангоме ки бо ҷамоате гузар доштам, онҳоро оҳиста‐оҳиста сӯи хонаи Худо мебурдам, бо овози тараннум ва шукронаи оммае ки ид мекард.

[6] Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, барои наҷоте ки аз Ӯ хоҳам ёфт.

[7] Эй Худои ман! Ҷонам андарунам маъюс шудааст, бинобар ин Туро аз замини Урдун ва аз Ҳермӯн, аз кӯҳи Мисъар ёд мекунам.

[8] Варта вартаро бо овози шаршараҳои Ту даъват менамояд; ҳамаи туғьёнҳо ва мавҷҳои Ту бар ман гузаштааст.

[9] Рӯзона Худованд эҳсони Худро зоҳир хоҳад кард, ва шабона суруди Ӯ бо ман хоҳад буд, ки дуоест пеши Худои ҳаёти ман.

[10] Ба Худое ки сахраи ман аст, мегӯям: Чаро маро фаромӯш кардаӣ? Чаро аз фишори душман малӯл шуда мегардам?

[11] Хасмҳоям бо дашномҳои худ устухонҳои маро зарбаи марговар мезананд, вақте ки ҳар рӯз ба ман мегӯянд: «Худои ту куҷост?»

[12] Чаро, эй ҷонам, маъюс шудаӣ ва андаруни ман ошуфтаҳол ҳастӣ? Ба Худо умедвор бош, зеро боз ба гуфтани ҳамди Ӯ муваффақ хоҳам шуд, ки Ӯ наҷоти рӯи ман ва Худои ман аст.

Забур — Chapters