[1] Таронаи Довуд. Дар шаъни эҳсон ва инсоф суруд хоҳам хонд; Туро, эй Худованд, хоҳам сароид.
[2] Ба тариқи комил эътибор хоҳам дод, ҳангоме ки назди ман биёяд; андаруни хонаи худ бо ростии дили худ рафтор хоҳам кард.
[3] Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт; аз амали гумроҳон нафрат дорам; ба ман нахоҳад часпид.
[4] Дили каҷрав аз ман дур хоҳад шуд; бадиро нахоҳам донист.
[5] Касеро, ки дар ниҳон аз ёри худ ғайбат мекунад, дафъ хоҳам кард; шахсеро, ки чашмони ҳавобаландона ва дили пурғурур дорад, тоқат нахоҳам кард.
[6] Чашмонам бар аминони замин аст, то ки ҳамнишини ман шаванд; касе ки бо роҳи комил равон бошад, хизмати маро хоҳад кард.
[7] Андаруни ҳонаи ман маккор сокин нахоҳад шуд; дурӯғгӯй пеши назари ман нахохад истод.
[8] Ҳар пагоҳӣ ҳамаи шарирони заминро дафъ хоҳам кард, то ки ҳамаи бадкирдоронро аз шаҳри Худованд маҳв намоям.