Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Довуд.

[2] Худовандо, Худои мо! Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин! Ту шукӯҳи Худро бар осмон паҳн кардаӣ!

[3] Аз даҳони кӯдакон ва ширмакон, бар хилофи хасмҳои Худ, ҳамдро ба вуҷуд овардаӣ, то ки душман ва интиқомҷӯйро хомӯш гардонӣ.

[4] Вақте ки ба осмони Ту менигарам, ки санъи ангуштони Туст, ва ба моҳ ва ситорагоне ки Ту офаридаӣ, —

[5] Пас чист инсон, ки ӯро ёд кунӣ, ва фарзанди одам, ки ӯро тафаққуд намоӣ?

[6] Ӯро аз фариштагон фақат андак кам кардаӣ; ва тоҷи ҷалол ва шавкат бар сари ӯ гузоштаӣ;

[7] Ӯро бар аъмоли дастҳои Худ ҳукмфармо кардаӣ; ҳама чизро зери пои ӯ гузоштаӣ:

[8] Ҳамаи гӯсфандон ва говонро, ҳамчунин ҳайвонҳои саҳроро,

[9] Мурғони осмон ва моҳиёни баҳрро, ҳар чиро, ки бо роҳҳои баҳр гузар мекунад.

[10] Худовандо, Худои мо! Чӣ қадар боҳашамат аст исми Ту дар тамоми замин!

Забур — Chapters