Skip to content
Opens in a new window

[1] Худованд Худои интиқомҳост; эй Худои интиқомҳо, таҷаллӣ намо!

[2] Бархез, эй Довари замин, подоши мағруронро бидеҳ.

[3] То ба кай шарирон, эй Худованд, то ба кай шарирон шод бошанд?

[4] Лоф мезананд, ҳавобаландона сухан меронанд; ҳамаи бадкирдорон калонигарӣ мекунанд.

[5] Қавми Туро, эй Худованд, поймол месозанд, ва бар мероси Ту зулм мекунанд.

[6] Бева ва ғарибро мекушанд, ва ятимонро қатл мекунанд.

[7] Ва мегӯянд: «Худованд намебинад, ва Худои Яъқуб сарфаҳм намеравад».

[8] Бифаҳмед, эй ҷоҳилони қавм! Ва эй бехирадон, кай ба ақл меоед?

[9] Он ки гӯшро шинондааст, оё намешунавад? Он ки чашмро офаридааст, оё намебинад?

[10] Он ки халқҳоро танбеҳ медиҳад, оё мазаммат намекунад? — Он ки одамро ақл меомӯзад.

[11] Худованд фикрҳои одамро медонад, ки онҳо ботил аст.

[12] Хушо марде ки ӯро Ту, эй Худованд, танбеҳ мекунӣ, ва аз шариати Худ ӯро таълим медиҳӣ,

[13] То ки ӯро аз рӯзҳои бад фароғат бахшӣ, то даме ки чоҳе барои шарир канда шавад.

[14] Зеро ки Худованд қавми Худро рад нахоҳад кард, ва мероси Худро тарк нахоҳад намуд.

[15] Зеро ки доварӣ сӯи адолат хоҳад баргашт, ва ҳамаи ростдилон онро пайравӣ хоҳанд кард.

[16] Кист, ки барои ман бар зидди бадкешон қиём кунад? Кист, ки барои ман бар зидди бадкирдорон истодагӣ намояд?

[17] Агар Худованд мададгори ман намебуд, кам монда буд, ки ҷонам дар олами хомӯшӣ сокин шавад.

[18] Вақте ки мегуфтам: «Пои ман мелағҷад», — эҳсони Ту, эй Худованд, маро дастгирӣ мекард.

[19] Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад.

[20] Оё курсии фасодҳо метавонад бо Ту рафоқат дошта бошад, ки он аз номи қонун ноинсофиро ба вуҷуд меоварад?

[21] Бар ҷони одил тӯда мешаванд, ва хуни бегуноҳро маҳкум мекунанд.

[22] Валекин Худованд қалъаи ман аст; ва Худои ман кӯҳпораи паноҳгоҳи ман аст.

[23] Ва ҷафои онҳоро бар онҳо хоҳад баргардонид, ва онҳоро ба ивази бадиашон нест хоҳад кард; Худованд Худои мо онҳоро нест хоҳад кард.

Забур — Chapters