[1] Тарона. Дар шаъни Худованд суруди наве бихонед, зеро ки Ӯ корҳои аҷоиб кард; яминаш ва бозуи муқаддасаш Ӯро мададгор шуд.
[2] Худованд наҷоти Худро маълум кард, адолати Худро пеши назари халқҳо зоҳир намуд.
[3] Эҳсони Худ ва вафои Худро нисбат ба хонадони Исроил ба ёд овард; тамоми ақсои замин наҷоти Худои моро диданд.
[4] Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин! Овоз бароред ва тараннум кунед ва суруд хонед.
[5] Худовандро бо барбат бисароед, бо барбат ва бо овози тараннум.
[6] Бо карнайҳо ва овози шох пеши Худованд Подшоҳ бонги шодӣ занед.
[7] Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, хурӯш бардорад; дуньё ва сокинони он низ;
[8] Бигзор дарьёҳо каф зананд, кӯҳҳо якҷоя тараннум кунанд
[9] Пеши Худованд, зеро ки меояд, то заминро доварӣ намояд; Ӯ дуньёро аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард, ва қавмҳоро аз рӯи инсоф.