[1] Назди наҳрҳои Бобил, он ҷо менишастем, мегиристем низ, вақте ки Сионро ба ёд меовардем.
[2] Бар дарахтони бед, ки андаруни он буд, барбатҳои худро овехтем,
[3] Зеро ки дар он ҷо асиркунандагони мо аз мо суханони сурудро талаб мекарданд, ва зулмкунандагони мо — шодмониро: «Барои мо аз сурудҳои Сион бихонед».
[4] Чӣ тавр мо суруди Худовандро дар замини бегона бихонем?
[5] Агар туро, эй Ерусалим, фаромӯш кунам, бигзор ямини ман фаромӯш шавад;
[6] Забонам ба комам бичаспад, агар туро ба ёд наоварам, агар Ерусалимро бар сари шодмонии худ нагузорам.
[7] Худовандо! Рӯзи Ерусалимро ба банӣ‐Адӯм ёдоварӣ намо, ки гуфта буданд: «Вайрон кунед, аз буньёдаш вайрон кунед!»
[8] Эй духтари Бобили табоҳкор! Хушо касе ки сазои туро диҳад, барои сазое ки ба мо додаӣ.
[9] Хушо касе ки кӯдакони туро гирифта, ба сахра занад.