Skip to content
Opens in a new window

[1] Суруди сууд. Хушо ҳар тарсгори Худованд, ки бо роҳҳои Ӯ меравад!

[2] Аз меҳнати кафҳои худ хоҳӣ хӯрд; ту хушбахт ҳастӣ, ва некӯӣ бо туст.

[3] Занат мисли токи борвар андаруни хонаи туст, фарзандонат мисли ниҳолҳои зайтун дар гирди суфраи ту.

[4] Инак, марди тарсгори Худованд чунин баракат хоҳад ёфт.

[5] Худованд туро аз Сион баракат хоҳад дод, ва карруфари Ерусалимро тамоми айёми зиндагии худ хоҳӣ дид.

[6] Ва фарзандони фарзандонатро хоҳӣ дид. Сулҳу осиштагӣ бар Исроил бод!

Забур — Chapters