Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.

[2] Ба Ту, эй Худованд, паноҳ бурдаам, харгиз хиҷил нахоҳам шуд; аз рӯи адолати Худ маро раҳоӣ деҳ.

[3] Гӯши Худро сӯи ман хам намо, ба зудӣ маро халосӣ деҳ. Барои ман кӯҳпораи қавӣ ва хонаи паноҳ бош, то ки маро наҷот диҳӣ,

[4] Зеро ки сахра ва қалъаи ман Ту ҳастӣ; ва ба хотири исми Худ маро ҳодӣ ва роҳнамо бош.

[5] Маро аз доме ки барои ман пинҳон кардаанд, берун ор, зеро ки Ту истеҳкоми ман ҳастӣ.

[6] Рӯҳи худро ба дасти Ту месупорам; Ту, эй Худованд, эй Худои ростӣ, маро раҳоӣ додаӣ.

[7] Аз пайравони бутҳои бекора нафрат дорам; ва ман ба Худованд таваккал мекунам.

[8] Ба эҳсони Ту шодӣ ва хурсандӣ мекунам, чунки мусибати маро дидаӣ, ғуссаҳои ҷонамро донистаӣ,

[9] Ва маро ба дасти душман насупурдаӣ, пойҳоямро дар вусъатобод истонидаӣ.

[10] Ба ман марҳамат намо, эй Худованд, зеро ки ба танг омадаам; чашмам аз кулфат хаста шудааст, ҷонам ва ҷисмам низ.

[11] Зеро ки ҳаётам аз андӯҳ ва солҳоям аз оҳу фиғон адо шудааст; аз гуноҳи ман қувватам заиф ва устухонҳоям хушк шудааст.

[12] Аз дасти ҳамаи хасмҳои худ барои ҳамсояҳоям хеле нангин ва барои ошноҳоям воҳиманок гардидаам: ҳар кӣ маро дар кӯча бинад, аз ман мегурезад.

[13] Монанди мурда аз дилҳо фаромӯш шудаам; мисли зарфи шикастае гардидаам,

[14] Зеро ки маломати касони бисьёрро мешунавам; дар гирду пешам даҳшат аст, чунки онҳо бар зидди ман маслиҳатро ба як ҷо мемонанд: ба фикри гирифтани ҷонам афтодаанд.

[15] Валекин ман ба Ту, эй Худованд, таваккал мекунам; ман мегӯям: Худои ман Ту ҳастӣ.

[16] Тақдири ман дар дасти Туст; маро аз дасти душманонам ва таъқибкунандагонам халосӣ деҳ.

[17] Рӯи Худро ба бандаи Худ мунаввар намо, бо эҳсони Худ маро наҷот деҳ.

[18] Худовандо! Ман хиҷил нахоҳам шуд, чунки Туро хондаам; лекин шарирон хиҷил хоҳанд шуд, дар дӯзах лаб фурӯ хоҳанд баст.

[19] Забонҳои дурӯғгӯй лол хоҳанд шуд, ки бо ғурур ва тамасхур дар ҳаққи одил бадгӯӣ мекунанд.

[20] Чӣ қадар фаровон аст меҳрубонии Ту, ки барои тарсгорони Худ нигоҳ доштаӣ ва барои паноҳбарони Худ пеши назари банӣ‐одам ба амал овардаӣ:

[21] Онҳоро дар паноҳи рӯи Худ аз дасисаҳои мардум пинҳон медорӣ; онҳоро аз муноқишаи забонҳо дар хайма руст мекунӣ.

[22] Муборак аст Худованд, ки эҳсони аҷоиби Худро дар шаҳри муҳосирашуда ба ман зоҳир кард!

[23] Валекин ман дар маъюсии худ гуфтам, ки аз назари Ту рад шудаам; аммо, вақте ки сӯи Ту истиғоса бурдам, овози зориҳоямро шунидӣ.

[24] Худовандро дӯст доред, эй ҳамаи порсоёни Ӯ! Аминонро Худованд ҳифз менамояд, ва мағруронро сазои барзиёд медиҳад.

[25] Матин бошед, ва дилатон қавӣ хоҳад шуд, эй ҳамаи умедворони Худованд!

Забур — Chapters