Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Бо тамоми дилам Туро ҳамд хоҳам гуфт; дар рӯ ба рӯи худоён Туро хоҳам сароид.

[2] Сӯи қасри қудси Ту саҷда хоҳам кард, ва исми Туро барои эҳсони Ту ва барои ростии Ту ҳамд хоҳам гуфт; зеро ки исми Худ ва сухани Худро аз ҳар чиз бузург кардаӣ.

[3] Дар рӯзе ки Туро хондам, маро иҷобат намудӣ, қувватро дар ҷонам афзун кардӣ.

[4] Туро, эй Худованд, ҳамаи подшоҳони замин ҳамд хоҳанд гуфт, вақте ки суханони даҳони Туро бишнаванд,

[5] Ва тариқҳои Худовандро хоҳанд сароид, зеро ки ҷалоли Худованд бузург аст.

[6] Ҳар чанд ки Худованд баланд аст, ба замин назар мекунад, ва ҳавобаландро аз дур мешиносад.

[7] Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.

[8] Худованд ба нафъи ман анҷом хоҳад дод. Худовандо! Эҳсони Ту то абад аст; кори дастҳои Худро тарк накун.

Забур — Chapters