[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.
[2] Ба замини Худ, эй Худованд, таваҷҷӯҳ намудаӣ, асирони Яъқубро баргардондаӣ,
[3] Гуноҳи қавми Худро омурзидаӣ, ҳамаи хатоҳои онҳоро пӯшидаӣ,
[4] Тамоми қаҳри Худро дур кардаӣ, аз шиддати ғазаби Худ баргаштаӣ.
[5] Моро баргардон, эй Худои наҷоти мо, ва хашми Худро аз мо ботил намо.
[6] Наход ки ба сурати абадӣ бо мо хашмгин хоҳӣ буд? Ва ғазаби Худро то абадуддаҳр давом хоҳӣ дод?
[7] Наход ки Ту аз нав моро зинда нахоҳӣ гардонд, то ки қавми Ту дар Ту шод бошанд?
[8] Эҳсони Худро, эй Худованд, бар мо зоҳир намо, ва наҷоти Худро ба мо ато фармо.
[9] Хоҳам шунид, ки Худованд Худо чӣ мегӯяд. Ба яқин Ӯ ба қавми Худ ва ба порсоёни Худ аз сулҳу осоиштагӣ сухан хоҳад ронд, то ки сӯи ҷаҳолат барнагарданд.
[10] Ба яқин наҷоти Ӯ ба тарсгорони Ӯ наздик аст, то ки ҷалол дар замини мо сокин шавад.
[11] Эҳсон ва ростӣ мулоқот хоҳанд кард, адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.
[12] Ростӣ аз замин хоҳад сабзид, ва адолат аз осмон ба зуҳур хоҳад омад.
[13] Худованд низ некӯӣ ато хоҳад кард, ва замини мо ҳосили худро хоҳад дод.
[14] Адолат пешопеши Ӯ хоҳад рафт, ва қадамҳояшро бар роҳ хоҳад гузошт.