[1] Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[2] Худои худоёнро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[3] Худованди худовандонро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[4] Ӯро, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиби бузурге мекунад, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[5] Ӯро, ки осмонро хирадмандона офаридааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[6] Ӯро, ки заминро бар обҳо густурдааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[7] Ӯро, ки найирҳои бузург офаридааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст:
[8] Офтобро барои салтанати рӯз, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[9] Моҳ ва ситорагонро барои салтанати шаб, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[10] Ӯро, ки Мисрро дар нахустзодагони онҳо зарба задааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[11] Ва Исроилро аз миёни онҳо берун овардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[12] Бо дасти тавоно ва бо бозуи тӯлонӣ, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[13] Ӯро, ки баҳри Қулзумро тақсим кардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[14] Ва Исроилро аз миёнаи он гузарондааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[15] Ва фиръавн ва лашкари варо дар баҳри Қулзум андохтааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[16] Ӯро, ки қавми Худро дар биёбон бурдааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[17] Ӯро, ки подшоҳони бузургро зарба задааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[18] Ва подшоҳони нерумандро куштааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст:
[19] Сиҳӯн подшоҳи амӯриёнро, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[20] Ва Ӯҷ подшоҳи Бошонро, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[21] Ва замини онҳоро мерос додааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст,
[22] Мерос ба бандаи Худ Исроил, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[23] Моро дар залолати мо ба ёд овардааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст;
[24] Ва моро аз адуёни мо халосӣ додааст, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[25] Ӯ ба тамоми башар ризқу рӯзӣ медиҳад, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[26] Худои осмонро ҳамд гӯед, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.