[1] Барои сардори муғанниён бар сози торнок. Таронаи Довуд.
[2] Тазаррӯи маро, эй Худо, бишнав, дуоямро иҷобат намо.
[3] Аз ақсои замин сӯи Ту мехонам, дар сурате ки дилам мадҳуш мешавад: маро ба кӯҳпорае ки аз ман баландтар аст, ҳидоят намо;
[4] Зеро ки Ту паноҳгоҳи ман будӣ, ва бурҷи қуввае аз душман.
[5] Дар хаймаи Ту то абад сокин хоҳам буд, ва дар зери сояи болҳои Ту паноҳ хоҳам ёфт. Село.
[6] Зеро ки Ту, эй Худо, назрҳои маро шунидаӣ, ва мероси тарсгорони исми Худро ато кардаӣ.
[7] Рӯзҳо бар рӯзҳои подшоҳ биафзой, ва солҳои ӯро то абадуддаҳр.
[8] Ӯ то абад ба ҳузури Худо хоҳад нишаст; эҳсон ва ростиро амр фармо, ки ӯро нигаҳбонӣ кунанд.
[9] Ва ман исми Туро то абад хоҳам сароид, чун ҳар рӯз назрҳои худро адо намоям.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150