Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд. Суруд.

[2] Туро, эй Худо, дар Сион ҳамду сано мунтазир аст, ва назрҳо ба Ту адо карда хоҳад шуд.

[3] Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад.

[4] Гуноҳкориҳо бар ман ғолиб омадааст: ҷиноятҳои маро Ту кафорат хоҳӣ кард.

[5] Хушо касе ки Ту ӯро баргузидаӣ ва муқарраби Худ гардондаӣ, то ки ба саҳнҳои Ту сокин шавад. Аз неъматҳои хонаи Ту, аз қудсияти қасри Ту сер хоҳем шуд.

[6] Бо корномаҳои саҳмгин аз рӯи адолат моро иҷобат хоҳӣ намуд, эй Худои наҷоти мо, ки Ту паноҳи тамоми ақсои замин ва ҷазираҳои дурдасти баҳр ҳастӣ;

[7] Кӯҳҳоро бо қуввати Худ барпо кардаӣ; бо қудрат камар бастаӣ;

[8] Талотуми баҳрҳоро — талотуми мавҷҳои онҳоро, ва ошӯби қабилаҳоро сокит мекунӣ.

[9] Ва сокинони ақсои замин аз аломоти Ту ҳаросонанд; баромадгоҳҳои субҳ ва шомро шод мегардонӣ.

[10] Ба замин назар карда, онро сероб намудаӣ, онро бисьёр сарватдор кардаӣ; ҷӯйбори Худо пур аз об аст; ғаллаи онҳоро муҳайё менамой, зеро ки онро чунин тайёр кардаӣ.

[11] Чӯякҳои онро обшор, дӯнгиҳои онро ҳамвор мекунӣ, бо боронҳо онро нарм месозӣ, набототи онро баракат медиҳӣ.

[12] Бо файзи Худ солро тоҷ мебахшӣ, ва аз қадамгоҳи Ту равған мечакад;

[13] Аз чарогоҳҳо низ равған мечакад, ва талҳо ба шодмонӣ камар мебандад.

[14] Марғзорҳо бо рама ва водиҳо бо ғалла пӯшида шудаанд; бонги шодӣ мезананд ва суруд мехонанд.

Забур — Chapters