[1] Таронаи Довуд. Худовандо! Кист, ки дар хаймаи Ту иқомат намояд? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси Ту сокин шавад?
[2] Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи адолат амал кунад, ва дар дили худ ростгӯй бошад;
[3] Бо забони худ бӯҳтон назанад, ба ёри худ бадӣ накунад, ва ақрабои худро таҳқир нанамояд;
[4] Манфур дар назараш разил бошад, валекин тарсгорони Худовандро иззат кунад; қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағьир надиҳад;
[5] Пули худро ба фоида надиҳад, ва бар зидди бегуноҳ ришва нагирад, — касе ки чунин рафтор мекунад, то абад фурӯ нахоҳад ғалтид.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150