[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд.
[2] Бигзор туро Худованд дар рӯзи тангӣ иҷобат намояд, исми Худои Яъқуб паноҳгоҳи ту бошад;
[3] Аз қудс ба ту мадад фиристад, ва аз Сион ба ту ёварӣ намояд;
[4] Ҳамаи ҳадияҳои туро ба ёд оварад, ва қурбонии сӯхтании туро бо ризомандӣ қабул кунад. Село.
[5] Бигзор муроди дилатро ба ту ато фармояд, ва ҳамаи нақшаҳоятро ба иҷро расонад.
[6] Ба наҷоти ту тараннум менамоем, ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем. Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад.
[7] Ҳоло донистаам, ки Худованд масеҳи Худро наҷот медиҳад; аз афлоки қудси Худ бо қудрати наҷотбахши ямини Худ ӯро иҷобат менамояд.
[8] Баъзеҳо аробаҳоро ва баъзеҳо аспҳоро, вале мо исми Худованд Худои худро зикр менамоем;
[9] Онҳо мағлуб шуда, афтодаанд, вале мо бархоста, рост истодаем.
[10] Худовандо! Подшоҳро наҷот деҳ, ва дар рӯзе ки бихонем, моро иҷобат намо.