[1] Таронаи Ософ. Худо дар анбӯҳи худоён истодааст; дар миёни худоён доварӣ мекунад.
[2] То ба кай ноинсофона доварӣ хоҳед кард? Ва нисбат ба шарирон рӯбинӣ хоҳед кард? Село.
[3] Ба бенавоён ва ятимон додгарӣ намоед; мазлумон ва мискинонро сафед кунед;
[4] Бенаво ва камбағалро раҳо кунед: аз дасти шарирон халосӣ диҳед.
[5] Намедонанд ва намефаҳманд, дар торикӣ роҳ мераванд; ҳамаи асосҳои замин ба ларза омадааст.
[6] Ман гуфтам: «Шумо худоён ҳастед, ва ҳамаатон — писарони Хаққи Таоло.
[7] Аммо ҳамчун одамизод хоҳед мурд, ва чун яке аз мирон фурӯ хоҳед ғалтид».
[8] Бархез, эй Худо, заминро доварӣ намо; зеро ки Ту молики ҳамаи халқҳо ҳастӣ.
Забур — Chapters
123456789101112131415161718192021222324252627282930313233343536373839404142434445464748495051525354555657585960616263646566676869707172737475767778798081828384858687888990919293949596979899100101102103104105106107108109110111112113114115116117118119120121122123124125126127128129130131132133134135136137138139140141142143144145146147148149150