[1] Худованд подшоҳӣ мекунад: бигзор замин ба ваҷд ояд, ва ҷазираҳои бисьёр хурсандӣ кунанд.
[2] Абр ва тирагӣ гирдогирди Ӯст; адолат ва инсоф асоси тахти Ӯст.
[3] Оташ пешопеши Ӯ равон аст, ва адуёни Ӯро гирдогирд месӯзонад.
[4] Барқҳои Ӯ дуньёро равшан мекунад; замин мебинад ва меларзад.
[5] Кӯҳҳо аз хузури Худованд мисли мум гудохта мешавад, аз хузури Худованди тамоми замин.
[6] Осмонҳо адолати Ӯро баён мекунанд, ва ҳамаи қавмҳо ҷалоли Ӯро мебинанд.
[7] Ҳамаи санампарастон, ки ба бутҳо меболанд, хиҷил мешаванд; ба Ӯ саҷда кунед, эй ҳамаи худоён!
[8] Сион шунид ва хурсандӣ кард, ва духтарони Яҳудо шод шуданд ба муносибати довариҳои Ту, эй Худованд.
[9] Зеро ки Ту, эй Худованд, бар тамоми замин баланд ҳастӣ, аз ҳамаи худоён бағоят болотарӣ.
[10] Эй дӯстдорони Худованд, аз бадӣ нафрат кунед! Ӯ ҷонҳои порсоёни Худро нигоҳдорӣ мекунад, онҳоро аз дасти шарирон халосӣ медиҳад,
[11] Нур барои одилон медурахшад, ва шодӣ барои ростдилон.
[12] Эй одилон, дар Худованд шодӣ кунед, ва зикри қудсияти Ӯро ҳамд гӯед.