Skip to content
Opens in a new window

[1] Дар Худованд, эй одилон, тараннум намоед: ҳамду сано гуфтан росткоронро мезебад.

[2] Худовандро бо барбат ҳамд гӯед, бо уди даҳтор Ӯро бисароед;

[3] Суруди наве дар шаъни Ӯ бихонед; бо бонги шодӣ некӯ бинавозед;

[4] Зеро ки каломи Худованд дуруст аст, ва тамоми аъмоли Ӯ ҳақ асту рост.

[5] Ӯ адл ва инсофро дӯст медорад; ҷаҳон аз эҳсони Худованд пур аст.

[6] Бо каломи Худованд осмонҳо офарида шудааст, ва бо дами даҳони Ӯ ҳамаи лашкарҳои онҳо.

[7] Ӯ обҳои баҳрро мисли машке ҷамъ кардааст, вартаҳоро дар хазоин гузоштааст.

[8] Бигзор тамоми аҳли замин аз Худо тарсон бошанд; ҳамаи сокинони дуньё аз Ӯ ҳаросон шаванд,

[9] Зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд; Ӯ амр кард, ва қоим гардид.

[10] Худованд машварати халқҳоро ботил мекунад, ба андешаҳои қавмҳо монеъ мешавад.

[11] Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.

[12] Хушо халқе ки Худованд Худои вай аст, ва қавме ки Ӯ варо барои мероси Худ баргузидааст.

[13] Аз осмон Худованд нигоҳ мекунад, тамоми банӣ‐одамро мебинад;

[14] Аз нишемангоҳи Худ ба ҳамаи сокинони замин назар меандозад;

[15] Дилҳои онҳоро танҳо Худаш ба вуҷуд овардааст, ва тамоми аъмолашонро мефаҳмад.

[16] Подшоҳ бо сипоҳи бузург наҷот нахоҳад ёфт; паҳлавон бо қуввати бузург халос нахоҳад шуд.

[17] Асп барои наҷот беэътимод аст, ва бо қуввати бузургаш халосӣ нахоҳад дод.

[18] Инак, чашми Худованд бар тарсгорони Ӯст, бар онҳоест, ки ба эҳсони Ӯ умедворанд,

[19] То ки ҷони онҳоро аз мурдан халос кунад, ва дар вақти қаҳтӣ онҳоро зинда мононад.

[20] Ҷони мо ба Худованд умедвор аст: Ӯ мададгор ва сипари мост;

[21] Дили мо дар Ӯ шодӣ мекунад, зеро ки ба исми қуддуси ӯ мо таваккал менамоем.

[22] Эҳсони Ту, эй Худованд, бар мо бод, чунон ки мо ба Ту умед бастаем.

Забур — Chapters