Skip to content
Opens in a new window

[1] Вақте ки Исроил аз Миср берун омад, ва хонадони Яъқуб аз қавми бегоназабон,

[2] Яҳудо қудси Ӯ буд, Исроил — ҳокимияти Ӯ.

[3] Баҳр инро дида, гурехт; Урдун қафо гашт.

[4] Кӯҳҳо мисли қӯчқорон ҷастухез карданд, ва талҳо — мисли барраҳо.

[5] Туро чӣ шуд, эй баҳр, ки гурехтӣ? Ва эй Урдун, ки қафо гаштӣ?

[6] Ва эй кӯҳҳо, ки мисли қӯчқорон ҷастухез кардед, ва эй талҳо, ки мисли барраҳо?

[7] Аз ҳузури Худованд ба ларзиш ой, эй замин! Аз ҳузури Худои Яъқуб,

[8] Ки кӯҳпораро ба кӯли об табдил медиҳад, ва санги хороро ба чашмаи об.

[9] На моро, эй Худованд, на моро, балки исми Худро ҷалол деҳ; ба хотири эҳсони Худ, ба хотири ростии Худ.

[10] Чаро халқҳо гӯянд: «Худои онҳо куҷост?»

[11] Валекин Худои мо дар осмон аст; ҳар чӣ хоҳад, ба амал меоварад.

[12] Бутҳои онҳо нуқра ва тиллост, амали дастҳои одамизод.

[13] Онҳо даҳон доранд, вале ҳарф намезананд; чашм доранд, вале намебинанд;

[14] Гӯш доранд, вале намешунаванд; бинӣ доранд, вале намебӯянд;

[15] Даст доранд, вале ламс намекунанд, по доранд, вале роҳ намераванд; аз гулӯи худ садое намебароранд.

[16] Созандагонашон мисли онҳо хоҳанд буд, ва ҳар касе ки ба онҳо таваккал мекунад.

[17] Эй Исроил! Ба Худованд таваккал кунед; мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст.

[18] Эй хонадони Ҳорун! Ба Худованд таваккал кунед; мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст.

[19] Эй тарсгорони Худованд! Ба Худованд таваккал кунед; мададгори онҳо ва сипари онҳо Ӯст.

[20] Худованд моро ба ёд оварда, баракат хоҳад дод; хонадони Исроилро баракат хоҳад дод; хонадони Ҳорунро баракат хоҳад дод;

[21] Тарсгорони Худовандро баракат хоҳад дод; хурдонро бо бузургон.

[22] Худованд шуморо афзун хоҳад кард; шумо ва фарзандони шуморо.

[23] Шумо мубораки Худованд ҳастед, ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст.

[24] Осмон осмони Худованд аст, валекин заминро ба банӣ‐одам додааст.

[25] На мурдагон Худовандро мадҳ мекунанд, ва на ҳамаи фурӯравандагони гӯр.

[26] Вале мо Худовандро муборак хоҳем хонд, аз ҳоло ва то абад. Ҳалелуёҳ!

Забур — Chapters