[1] Барои сардори муғанниён. Нобуд накун. Суруди Довуд, вақте ки ӯ аз пеши Шоул ба мағора гурехт.
[2] Ба ман марҳамат намо, эй Худо, ба ман марҳамат намо! Зеро ки ҷонам ба Ту паноҳ мебарад, ва дар сояи болҳои Ту паноҳ мебарам, то даме ки фалокатҳо бигзарад.
[3] Сӯи Худои Таоло мехонам, сӯи Худое ки ҳама чизро барои ман муҳайё мекунад:
[4] Аз осмон фиристода, маро наҷот хоҳад дод; поймолкунандаи маро шарманда хоҳад кард. Село. Худо эҳсон ва ростии Худро хоҳад фиристод.
[5] Ҷонам дар миёни шерон аст; дар миёни одамхӯроне сокинам, ки дандонҳошон найза ва тирҳост, ва забонашон шамшери буррост.
[6] Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ва ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!
[7] Доме барои пойҳоям тайёр кардаанд; ҷонам афсурда шудааст; чоҳе барои ман канданд, аммо худашон дар он афтоданд. Село.
[8] Дилам қавист, эй Худо, дилам қавист; суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид.
[9] Эй ҷалолам, бедор шав! Эй уд ва барбат, бедор шав! Ман субҳидамро бедор хоҳам кард.
[10] Туро, эй Худованд, дар миёни қавмҳо ҳамд хоҳам гуфт; Туро дар миёни қабилаҳо хоҳам сароид.
[11] Зеро ки эҳсони Ту бузург аст то осмонҳо, ва ростии Ту то афлок.
[12] Бар осмонҳо баланд шав, эй Худо, ҷалоли Ту бар тамоми замин бод!