Skip to content
Opens in a new window

[1] Таронаи Довуд. Худованд Чӯпони ман аст: ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нахоҳам шуд.

[2] Дар чарогоҳҳои сералаф маро мехобонад, сӯи обҳои роҳатафзо маро мебарад,

[3] Ҷонамро қувват мебахшад, ба хотири исми Худ маро ба роҳҳои адолат равона мекунад.

[4] Дар водии зулмот роҳ равам ҳам, аз бадӣ наметарсам, чунки Ту бо ман ҳастӣ; асо ва чӯбдасти Ту маро тасаллӣ медиҳад.

[5] Суфрае барои ман пеши назари хасмҳоям андохтаӣ, бо равған сарамро тадҳин намудаӣ; косаи ман лабрез аст.

[6] Пас, некӯӣ ва эҳсон тамоми айёми умрам бо ман ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ва ман муддати дуру дароз дар хонаи Худованд сокин хоҳам буд.

Забур — Chapters