[1] Таронаи Сулаймон. Худоё! Инсофи Худро ба подшоҳ деҳ, ва адолати Худро ба писари подшоҳ.
[2] Қавми Туро аз рӯи адолат додгарӣ хоҳад кард, ва мискинони Туро аз рӯи инсоф.
[3] Кӯҳҳо ба қавм сулҳу осоиштагӣ хоҳанд овард, ва талҳо аз рӯи адолат.
[4] Мискинони қавмро доварӣ хоҳад кард, фарзандони камбағалро наҷот хоҳад дод, ва ба истисморгар шикаст хоҳад расонд.
[5] Аз Ту хоҳанд тарсид, то даме ки офтоб нурафшон аст, ва то даме ки моҳ тобон аст то абадуддаҳр.
[6] Мисли борон бар алафзори даравшуда хоҳад фуромад, мисли қатраҳое ки заминро сероб мекунанд.
[7] Дар айёми ӯ одил нумӯ хоҳад кард, ва сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд, то даме ки моҳ фано нашавад.
[8] Ва қаламрави ӯ аз баҳр то баҳр хоҳад буд; ва аз дарьё то ақсои замин.
[9] Пеши ӯ биёбоннишинон зону хоҳанд зад; ва душманони ӯ хокро хоҳанд лесид.
[10] Подшоҳони Таршиш ва ҷазираҳо ҳадия хоҳанд овард; подшоҳони Шабо ва Сабо инъомҳо пешкаш хоҳанд кард.
[11] Ва ҳамаи подшоҳон ба ӯ саҷда хоҳанд кард; ҳамаи халқҳо ба ӯ хизмат хоҳанд кард.
[12] Зеро мискинеро, ки истиғоса мебарад, ва мазлумеро, ки мададгор надорад, халос хоҳад кард.
[13] Ба бенаво ва мискин шафқат хоҳад кард, ва ҷонҳои мискинонро наҷот хоҳад дод.
[14] Аз макр ва зулм ҷонҳои онҳоро раҳо хоҳад кард; ва хуни онҳо дар назари ӯ гаронбаҳо хоҳад буд.
[15] Ва ӯ зинда хоҳад буд, ва аз тиллои Шабо ба ӯ хоҳанд дод; ва доимо барои ӯ дуо хоҳанд гуфт, ҳар рӯз ӯро муборак хоҳанд хонд.
[16] Ғалла дар замин то ба қуллаи кӯҳхо фаровон хоҳад шуд; ҳосили он мисли Лубнон шуввас хоҳад зад, ва мардуми шаҳр мисли алафи замин афзоиш хоҳанд ёфт.
[17] Номи ӯ то абад хоҳад монд; то даме ки офтоб нурафшон аст, номи ӯ зикр хоҳад ёфт, ва дар ӯ баракат хоҳанд хост; ҳамаи халқҳо ӯро мадҳ хоҳанд кард.
[18] Муборак аст Худованд Худо, Худои Исроил, ки танҳо Худаш корҳои аҷоиб мекунад.
[19] Ва исми ҷалоли Ӯ то абад муборак аст, ва тамоми замин аз ҷалоли Ӯ пур хоҳад буд, — омин ва омин!
[20] Дуоҳои Довуд ибни Йисой ба охир расид.