[1] Ҳалелуёҳ. Худовандро ҳамд гӯед, зеро ки некӯст; зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.
[2] Кист, ки қудрати Худовандро тавсиф намуда тавонад, тамоми ҳамду санои Ӯро бишнавонад?
[3] Хушо касоне ки инсофро нигоҳ медоранд, ва ҳар вақт адолатро ба амал меоваранд!
[4] Маро ба ёд ор, эй Худованд, вақте ки ба қавми Худ таваҷҷӯҳ менамоӣ; бо наҷоти Худ ба ман назар кун,
[5] То ки хушбахтии баргузидагони Туро бинам, ба шодмонии халқи Ту шод шавам, бо мероси Ту фахр кунам.
[6] Бо падарони Худ хато кардаем, гуноҳкор шудаем, ба шарорат дода шудаем.
[7] Падарони мо дар Миср корҳои аҷоиби Туро нафаҳмиданд, эҳсонҳои зиёди Туро ба ёд наоварданд, ва назди баҳр, назди баҳри Қулзум, ошӯб андохтанд.
[8] Валекин ба хотири исми Худ онҳоро наҷот дод, то ки қудрати Худро маълум кунад.
[9] Ва баҳри Қулзумро итоб намуд, ва он хушк шуд; ва онҳоро дар вартаҳо, мисли биёбон, гирифта бурд.
[10] Ва онҳоро аз дасти бадхоҳ наҷот дод, ва аз дасти душман раҳо кард.
[11] Ва об адуёни онҳоро пӯшонд: Як нафар ҳам аз онҳо боқӣ намонд.
[12] Ва ба суханони Ӯ имон оварданд, ҳамду санои Ӯро сароиданд.
[13] Аммо ба зудӣ аъмоли Ӯро фаромӯш карданд, машварати Ӯро нигарон нашуданд.
[14] Ва дар бодия ба ҳавову ҳавас дода шуданд, ва Худоро дар биёбон озмуданд.
[15] Ва дархосташонро ба онҳо дод, вале лоғарие бар ҷони онҳо фиристод.
[16] Ва дар бошишгоҳ ба Мусо ҳасад бурданд, ва ба Ҳоруни қуддуси Худованд.
[17] Замин кафида, Дотонро фурӯ бурд, ва тӯдаи Абиромро пӯшонд.
[18] Ва дар ҷамоаи онҳо оташ даргирифта, алангаи он шариронро сӯзонд.
[19] Дар Ҳӯриб гӯсолае сохтанд, ва ба он бут саҷда карданд.
[20] Ва ҷалоли худро иваз карданд ба сурати гове ки алаф мехӯрад.
[21] Худои наҷотдиҳандаи худро фаромӯш карданд, ки корҳои бузург дар Миср карда буд,
[22] Корҳои аҷоиб дар замини Ҳом, корҳои саҳмгин назди баҳри Қулзум.
[23] Ва мехост онҳоро несту нобуд кунад, агар баргузидаи Ӯ Мусо пеши Ӯ дар рахнагоҳ намеистод, то ки ғазаби Ӯро аз ҳалокати онҳо баргардонад.
[24] Ва аз замини дилпазир нафрат карданд: ба каломи Ӯ имон наоварданд.
[25] Ва дар хаймаҳои худ шиква мекарданд; овози Худовандро намешуниданд.
[26] Ва дасти Худро бар онҳо бардошт, то ки онҳоро дар биёбон афтонад,
[27] Ва зурьёташонро дар миёни халқҳо афтонад, ва онҳоро дар заминҳо пароканда кунад.
[28] Ба Баал‐Фаӯр часпиданд, ва қурбониҳои мурдагонро мехӯрданд.
[29] Бо кирдорҳои худ ба хашм оварданд, ва бар онҳо вабо омад.
[30] Ва Финҳос бархоста, доварӣ кард, ва он вабо аз байн рафт.
[31] Ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, аз насл ба насл то абад.
[32] Ва назди оби Мерибо ба ғазаб оварданд, ва Мусо аз боиси онҳо ҷазо дид;
[33] Зеро ки рӯҳи ӯро ба ҳаяҷон оварданд, ва бо лабонаш носазо гуфт.
[34] Он қавмҳоро нест накарданд, ки Худованд ба онҳо гуфта буд,
[35] Балки бо халқҳо омехта, аъмоли онҳоро ёд мегирифтанд.
[36] Ва бутҳои онҳоро ибодат мекарданд, ва онҳо барояшон доме буданд.
[37] Ва писарони худ ва духтарони худро барои девҳо қурбонӣ мекарданд;
[38] Ва хуни бегуноҳро мерехтанд, яъне хуни писарони худ ва духтарони худро, ки барои бутҳои Канъон қурбонӣ мекарданд, — ва замин аз хун наҷис шуд.
[39] Ва бо аъмоли худ палид шуданд, ва бо кирдорҳои худ зинокор гардиданд.
[40] Ва ғазаби Худованд бар қавми Ӯ аланга зад, ва аз мероси Худ нафрат кард,
[41] Ва онҳоро ба дасти халқҳо супурд, ва бадхоҳонашон бар онҳо ҳукмфармо шуданд.
[42] Ва душманонашон онҳоро ба танг меоварданд, ва зери дасти онҳо гардан мефуроварданд.
[43] Чандин бор онҳоро раҳо кард, вале онҳо бо худсарии худ ошӯб меандохтанд, ва аз гуноҳи худ ба залолат меафтоданд.
[44] Валекин дар тангии онҳо назар кард, вақте ки тазаррӯи онҳоро шунид,
[45] Ва аҳди Худро барои онҳо ба ёд овард, ва аз рӯи эҳсонҳои зиёди Худ таассуф хӯрд,
[46] Ва онҳоро пеши ҳамаи асиркунандагонашон марҳамат намуд.
[47] Моро наҷот деҳ, эй Худованд Худои мо, ва моро аз миёни халқҳо ҷамъ овар, то ки исми қуддуси Туро ҳамд гӯем, бо ҳамду санои Ту фахр намоем.
[48] Муборак аст Худованд Худои Исроил аз азал то абад! Ва тамоми қавм бигӯянд: «Омин». Ҳалелуёҳ!