Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.

[2] Инро бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо! Гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони дуньё!

[3] Ҳам одамони оддӣ ва ҳам шахсони наҷиб; сарватдор ва мискин якҷоя.

[4] Забонам ҳикматро баён мекунад, ва андешаҳои дилам аз ғояҳо иборат аст.

[5] Гӯши худро ба масале медорам; муаммои худро бо барбат мекушоям:

[6] Чаро дар айёми бадкеш тарсон бошам, вақте ки гуноҳи дунболагирҳоям маро иҳота мекунад?

[7] Онҳо ба тавонгарии худ таваккал менамоянд, ва бо фаровонии сарвати худ фахр мекунанд.

[8] Касе ҳаргиз барои бародараш фидия намедиҳад; кафораи худро низ ба Худо адо намекунад, —

[9] Чунки фидияи ҷонашон гаронбаҳост, ва он ҳаргиз муяссар намешавад, —

[10] То ки доим зинда монда, рӯи гӯрро набинад.

[11] Зеро мебинад, ки ҳакимон мемиранд, бо якҷоягии ҷоҳилон ва аблаҳон нобуд мешаванд; ва тавонгарии худро ба дигарон боқӣ мегузоранд.

[12] Дар хотир мегузаронанд, ки хонаҳошон доимӣ ва масканҳошон то абадуддаҳр аст; заминҳошонро ба номҳои худ мехонанд.

[13] Валекин одамизод дар ҷоҳу ҷалолаш намемонад: ӯ мисли ҳайвонҳоест, ки ба ҳалокат мерасанд.

[14] Чунин аст роҳи онҳое ки худбоваранд, ва фарҷоми онҳое ки аз лофи худ хурсанданд. Село.

[15] Мисли гӯсфандон ба дӯзах бурда мешаванд; мамот онҳоро чӯпонӣ мекунад; ва бомдодон росткорон бар онҳо ҳукмфармо хоҳанд шуд, ва сурати онҳо дар дӯзах, ки маскани онҳост, хоҳад пӯсид.

[16] Аммо ҷонамро Худо раҳо хоҳад кард, зеро ки маро аз дасти дӯзах хоҳад гирифт. Село.

[17] Натарс, вақте ки шахсе сарватдор шавад, ва ҷалоли хонааш афзун гардад,

[18] Зеро ки ҳангоми мурданаш чизе бо худ нахоҳад бурд; ҷалолаш аз ақиби ӯ нахоҳад рафт;

[19] Агарчи дар ҳаёташ ӯ баракати худро мехоҳад, ва ба дили худ мегӯяд: «Туро таъриф мекунанд, ки худро қонеъ мегардонӣ», —

[20] Лекин сӯи насли падарони худ хоҳад рафт, ки онҳо то абад нурро нахоҳанд дид.

[21] Одаме ки соҳиби ҷоҳу ҷалол аст, вале фаҳм надорад, мисли ҳайвонҳоест, ки ба ҳалокат мерасанд.

Забур — Chapters