[1] Дуои Мусо, марди Худо. Худовандо! Ту асрҳои аср паноҳандаи мо будӣ.
[2] Пеш аз он ки кӯҳҳо таваллуд ёбад, ва замин ва дуньё самар оваранд, аз азал то абад Ту вуҷуд дорӣ, эй Худо.
[3] Инсонро ба ҳолати ғубор бармегардонӣ, ва мегӯӣ: «Банӣ‐одам, баргардед!»
[4] Зеро ки ҳазор сол дар назари Ту мисли дирӯз аст, ки гузашта бошад, ва мисли посе аз шаб.
[5] Онҳоро мисли селобе равон мекунӣ; мисли он ки дар хоб бошанд; мисли алафе ки пагоҳӣ мерӯяд,
[6] Пагоҳӣ месабзад ва гул мекунад, бегоҳӣ пажмурда ва хушк мешавад.
[7] Зеро ки аз ғазаби Ту адо мешавем, ва аз хашми Ту ошуфта мегардем.
[8] Гуноҳҳои моро дар пеши назари Худ гузоштаӣ, ниҳони моро дар нури рӯи Худ.
[9] Зеро ки ҳамаи рӯзҳои мо зери қаҳри Ту гузаштааст; солҳои худро мисли фиғоне ба сар бурдаем.
[10] Рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст, ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол; вале ифтихори онҳо аз заҳмат ва ҷафо иборат аст, зеро ки зуд гузашта меравад, ва мо низ парвоз мекунем.
[11] Кист, ки қуввати хашми Туро донад, ва қаҳри Туро ба андозае ки аз Ту тарсидан лозим аст?
[12] Шумурдани айёми моро дурустакак таълим деҳ, то ки дили пурҳикмат пайдо кунем.
[13] Баргард, эй Худованд! То ба кай? Бар бандагони Худ шафқат намо.
[14] Саҳаргоҳон моро аз эҳсони Худ сер кун, то ки тамоми умри худ тараннум ва хурсандӣ кунем.
[15] Моро хурсанд кун ба ивази рӯзҳое ки моро гирифтори залолат кардаӣ, ба ивази солҳое ки бадӣ дидаем.
[16] Бигзор аъмоли Ту бар бандагонат зоҳир шавад, ва шавкати Ту бар фарзандони онҳо.
[17] Бигзор ҳусни таваҷҷӯҳи Худованд Худои мо бар мо бошад! Ва амали дастҳои моро бар мо тақвият намо; ва амали дастҳои моро тақвият намо.