Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок. Суруди таълимии Довуд.

[2] Ба дуоям, эй Худо, гӯш андоз, ва аз истиғосаи ман пинҳон нашав;

[3] Ба ман диққат намо, ва маро иҷобат бикун; дар изҳори дарди дили худ менолам, ва оҳи ҷигарсӯз мекашам

[4] Аз овози душман, аз зулми шарир; зеро ки дар ҳаққи ман ҷафо мекунанд, ва бо ғазаб ба ман адоват доранд.

[5] Дилам андаруни ман сахт метапад, ва бимҳои мамот бар ман афтодааст.

[6] Тарсу ларз бар ман ғолиб омадааст, ва даҳшат маро фаро гирифтааст.

[7] Ва ман гуфтам: «Кошки ман мисли кабӯтар болу пар медоштам: парвоз карда, фароғат меёфтам;

[8] Ба ҷойҳои дур парида мерафтам, дар биёбон маскан мегирифтам. Село.

[9] Мешитофтам, то ки аз тундбод ва аз шамоли тӯфон паноҳ шавам».

[10] Забонҳои онҳоро, эй Худованд, саргум ва аз ҳам ҷудо намо, зеро ки дар шаҳр зулм ва ҷангу ҷидол дидаам:

[11] Рӯзу шаб бар ҳисорҳои он мегарданд; ҷафо ва хабосат андаруни он;

[12] Фалокатҳо андаруни он; макру фиреб аз кӯчаҳои он дур намешавад.

[13] Зеро ки на душман маро мазаммат мекунад, — ман ба ин тоқат меовардам; на бадхоҳам бар ман такаббур менамояд, — ман аз вай пинҳон мешудам;

[14] Балки ту, эй марди ҳамвазни ман, эй ҳамдам ва ҳамроҳи ман,

[15] Ки ба ҳамдигар рози дил мегуфтем, ва дар хонаи Худо бо ҳаяҷон мехиромидем.

[16] Марги муфоҷот бар онҳо биёр: бигзор зинда ба зинда ба дӯзах раванд, зеро ки бадиҳо дар маскани онҳост, андаруни онҳост.

[17] Ман сӯи Худо мехонам, ва Худованд маро наҷот хоҳад дод.

[18] Шомгоҳ ва субҳ ва нимирӯзӣ шиква ва нолиш менамоям, ва Ӯ овози маро хоҳад шунид;

[19] Ҷонамро аз ҷангу ҷидоли зидди ман ба саломатӣ раҳо кард, зеро ки бисьёр касон ба ман муқобил буданд.

[20] Худо маро хоҳад шунид, ва Ӯ, ки аз азал бар курсии доварӣ нишастааст, онҳоро фурӯ хоҳад нишонд. Село. Чунки дигаргуниҳо ба сари онҳо наомадааст, ва онҳо аз Худо наметарсанд.

[21] Вай дасти худро бар зидди дӯстони худ дароз кардааст, аҳди худро шикастааст;

[22] Забонаш хушомад мезанад, вале дилаш пур аз кина аст; суханонаш аз равған нармтар аст, валекин шамшерҳои бараҳна аст.

[23] Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад.

[24] Ва Ту, эй Худо, онҳоро дар чоҳи ҳалокат хоҳӣ андохт; хунхӯрон ва маккорон ба нисфи умри худ нахоҳанд расид. Валекин ман ба Ту таваккал хоҳам кард.

Забур — Chapters