Skip to content
Opens in a new window

[1] Имон доштам, бинобар ин мегуфтам: «Ман бағоят уқубат кашидаам».

[2] Ман дар маъюсии худ мегуфтам: «Ҳар одам козиб аст».

[3] Ба Худованд чӣ подош диҳам барои ҳамаи некиҳое ки ба ман кардааст?

[4] Косаи наҷотро хоҳам бардошт, ва исми Худовандро хоҳам хонд.

[5] Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард, пеши тамоми қавми Ӯ.

[6] Мамоти порсоёни Худованд дар назари Ӯ гарон аст.

[7] Лутфан, эй Худованд, ман бандаи Ту ҳастам; ман бандаи Ту ва писари канизи Ту ҳастам; бандҳои маро кушодаӣ.

[8] Барои Ту қурбонии шукронаро забҳ хоҳам кард, ва исми Худовандро хоҳам хонд.

[9] Назрҳоямро ба Худованд адо хоҳам кард, пеши тамоми қавми Ӯ,

[10] Дар саҳнҳои хонаи Худованд; андаруни ту, эй Ерусалим! Ҳалелуёҳ!

Забур — Chapters