Skip to content
Opens in a new window

[1] Барои сардори муғанниён бар сози ҳашттор. Таронаи Довуд.

[2] Наҷот деҳ, эй Худованд, зеро ки порсо боқӣ намондааст; зеро ки аз миёни банӣ‐одам аминон нест шудаанд.

[3] Ҳар яке ба ёри худ суханони ботил мегӯяд; лабони пуртамаллуқ аз дили мунофиқ сухан меронанд.

[4] Худованд ҳамаи лабони пуртамаллуқро нест хоҳад кард, ва ҳар забонеро, ки ҳавобаландона сухан меронад,

[5] Яъне онҳоеро, ки мегӯянд: «Бо забони худ зӯр мебароем, лабони мо бо мост; кист, ки бар мо оғо бошад?»

[6] Аз боиси тороҷи камбағалон ва оҳу фиғони мискинон алҳол қиём мекунам, мегӯяд Худованд, ва он касеро, ки гирифтори доми найранг аст, наҷот медиҳам.

[7] Суханони Худованд суханони покиза аст, нуқраест, ки дар кӯра аз хок тоза карда ва ҳафт карат гудохта шудааст.

[8] Ту, эй Худованд, онҳоро нигаҳбонӣ хоҳӣ кард, аз ин насл то абад муҳофизат хоҳӣ намуд.

[9] Шарирон дарбадар гардиш хоҳанд кард, вақте ки одамони залил баланд мешаванд.

Забур — Chapters